РАСМАН! Шаҳрванди Тоҷикистон Диловар Ҷӯраев аз боздошт дар Русия озод шуд
ДУШАНБЕ, 16.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Ҷӯраев, ки 8 ноябри соли 2021 дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Русия бо дархости истирдоди мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Қирғизистон боздошт шуда буд, озод карда шуд, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар».
Тавре дар иттилоияи расмии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, «шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Ҷӯраев, соли таваллудаш 23 майи соли 1969 8 ноябри соли 2021 дар ҳудуди шаҳри Новосибирски Федератсияи Русия бо дархости истирдодии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Қирғизистон барои гӯё ташкил намудани бетартибиҳои оммавӣ ва авбошӣ дар ҳудуди наздисарҳадӣ ва делимитатсия ношудаи байни ноҳияи Исфараи вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноҳияи Боткани Ҷумҳурии Қирғизистон дастгир шуда буд. Бо дархости Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳабс озод карда шуд».
Дар робита ба ин, роҳбарияти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарияти Прокуратураи генералии Федератсияи Русия барои ҳамкории судманд изҳори сипос намуд.
Ёдовар мешавем, ки 12 ноябри соли 2021 Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Прокуратураи генералии Федератсияи Русия бо дархости бе баррасӣ гузоштани дархости ҷониби Қирғизистон ва озод кардани Б.Д.Ҷӯраев аз ҳабс нома ирсол карда буд.
Илова бар ин, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Қирғизистон бо дархости қатъи амалияи оғози парвандаҳои ҷиноии беасос бо иттиҳоми шаҳрвандони мо дар ташкили бетартибиҳо дар хатти сарҳадӣ дархост ирсол намуд.
АКС: АМИТ «Ховар»








ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ПУШТИБОНУ ҒАМХОРИ ЯТИМОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
«Нозирони навраси ҳаракат»-и Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ соҳиби ҷойи якум гардиданд
Бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ бо иштироки кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамоиши идона доир гардид
Амнияти киберӣ яке аз муҳимтарин унсурҳои амнияти миллии Тоҷикистон мебошад
Ҳайати Тоҷикистон дар вохӯрии сеюми «Шабакаи занон GLO.ACT» иштирок менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши шаҳрвандон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ мулоқот доир гардид
«SOS». Барномаи мобилие, ки дар ҳолатҳои фавқулода ба шаҳрвандон кумак мерасонад
Тоҷикистон ва шарикони минтақавию байналмилалӣ ҳамкориро дар самти идоракунии хавфҳои иқлимӣ тақвият медиҳанд
Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи муштараки «Тағйир додани низоми озуқаворӣ барои беҳтар намудани ғизо дар Тоҷикистон» доир шуд
ОГОҲӢ! Аз 5 то 7 август дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Аз 1 август ҳаракати нақлиёт дар баъзе кӯчаҳои шаҳри Душанбе муваққатан маҳдуд карда мешавад
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ ХАДАМОТИ ОТАШНИШОНӢ. Кормандони ин ниҳод барои ҳифзи ҷони шаҳрвандон ба таври шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд






