Фармондеҳи Округи ҳарбии марказии Русия аз шиддатёбии хатар аз ҷониби Афғонистон хабар дод

Ноябрь 9, 2021 13:39

ДУШАНБЕ, 09.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Округи ҳарбии марказии Русия дар пасманзари шиддатёбии таҳдидҳои террористӣ аз ҷониби Афғонистон омодагии ҷангии неруҳоро баланд бардошта, онҳоро бо навъҳои нави аслиҳа муҷаҳҳаз мегардонад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба INTERFAX.RU хабар медиҳад, дар ин бора ба рӯзноманигорон фармондеҳи низомиёни ОҲМ Александ Лапин иттилоъ дод.

«Таҳлилҳои низомӣ-сиёсӣ дар самти Осиёӣ-Марказӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки хатарҳо аз ҷониби Афғонистон дар ҳоли шиддатёбиянд. Вобаста ба ин вазъият талоши асосии Округи ҳарбии марказӣ ба баланд бардоштани омодагии ҷангии низомиён, муҷаҳҳазгардонӣ бо техникаҳои муосир, инчунин озмудани усулҳои нави ҷангӣ миёни ҳарбиён равона шудааст»,-зикр намуд ӯ пас аз маросими супоридани ҷоизаҳо ба  ғолибони марҳилаи минтақавии Фестивали  умумирусиягии матбуоти «Медиа-Ас сентр 2021».

«Якбора дар лаҳзаи кӯтоҳ (дар Афғонистон-) дигаргуншавии вазъият ба амал омад. Мо дар Тоҷикистон зиёда аз 20 машқҳои ғайринақшавиро ҳам дар сатҳи фаврӣ ва ҳам тактикӣ гузаронидем. Муҳимтаринаш он машқҳое буданд, ки дар майдонҳои «Ҳарб-Майдон», «Момирак», Самбулӣ» ва «Лоҳур» гузаронида шуданд. Ҷамъбасти омодагиҳо дар Тоҷикистон- ин машқҳои байналмилалии «Ҳамкорӣ-2021» ба ҳисоб мераванд, ки мо бо ин тамринҳо соли омӯзиширо ба анҷом намерасонем. Барои мо ҳоло тамрин дар Қазон дар пеш аст, аз ҷумла машқи ҳарбии «Бародарии шикастнопазир»,-изҳор дошт генерал-полковник Лапин.

Фармондеҳи Округи марказии ҳарбӣ зикр намуд, ки дар умум дар Округ  соли ҷорӣ беш аз 200 тамрин дар шаклу миқёси гуногун гузаронида шуданд.

«Мо омодагии ҷиддии худро дар самти безараргардонии ҳама гуна хатарҳои террористӣ нишон додем»,-иброз дошт Лапин.

Бояд гуфт, ки низомиёни Округи ҳарбии марказӣ имсол беш аз 1 ҳазор навъи техникаҳои низомии муосир ба даст оварданд, аз ҷумла ҳавопаймоҳои Су-34 и МиГ-31БМ, стансияҳои радарии «Каста» ва «Небо-У», системаҳои зенитии ракетавии С-300ПМ2, мошинҳои ҷангии пиёдагард БМП-2М, инчунин мошинҳои ҷангии ҳимояткунандаи танкҳо «Терминатор», танкҳои такмилдодашудаи Т-72Б3М ва системаҳои зиддитанкии «Штурм-С».

АКС: Хадамоти матбуоти ОҲМ ФР

Ноябрь 9, 2021 13:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Хоруғ даври вилоятии мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
«ШАҲРИ ҲУШМАНД». Дар Душанбе насби чароғакҳои замонавӣ оғоз гардид
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 89,1 фоиз иҷро шуд
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалӣ доир ба мубориза бо маводи нашъаовар иштирок намуд
ПАСТ КАРДАНИ ХАВФИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Беш аз 60 миллион сомонӣ барои ҳифзи минтақаҳои осебпазир ҷудо гардид
Дар Хатлон мубориза бар зидди зуҳуроти номатлубу хатарнок пурзӯр карда мешавад
ФАРЗАНДОНРО АЗ ТАҲСИЛ МАҲРУМ НАКУНЕД! Дар Душанбе беш аз 40 ҳолати монеъ шудан ба таҳсил ошкор карда шуд
Изҳороти Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
«ҲАМКОРӢ–2026». Дар Хатлон машқҳои муштараки стратегӣ гузаронида шуданд
44 ҲОДИСАИ РОҲУ НАҚЛИЁТ ДАР ДУШАНБЕ. Бо мақсади коҳиши сатҳи садаманокӣ амалиёти «Пиёдагард» доир мешавад
Дар шаҳри Бӯстон нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид