Шералӣ Мирзо дар ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 11.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Шералӣ Мирзо дар ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки 10 ноябр дар шаҳри Москва доир шуд, иштирок намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар медиҳад.
Дар ҷаласа инчунин Раиси Шӯрои вазирони мудофиаи давлатҳои иштирокчии ИДМ, Вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу, Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Озарбойҷон Зокир Гасанов, вазири мудофиаи Ҷумҳурии Арманистон Аршак Карапетян, вазири мудофиаи Ҷумҳурии Беларус Виктор Хренин, вазири дифои Ҷумҳурии Қазоқистон Мурат Бектанов, вазири мудофиаи Ҷумҳурии Қирғизистон Бактибек Бекболотов, вазири мудофиаи Туркманистон Бегенч Гундогдиев, вазири мудофиаи Ҷумҳурии Узбекистон Баҳодир Қурбонов, Раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев, мушовири Шӯрои вазирони дифои давлатҳои иштирокчии ИДМ Юрий Дашкин иштирок доштанд.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа, маҷмӯи масъалаҳои рушди ҳамкории дуҷониба дар самти мудофиа ва бехатарӣ баррасӣ карда шуд.
Сардорони хадамоти низомӣ оид ба масоили ҳолати сиёсӣ-низомии ҷаҳон ва таъсири он ба бехатарии кишварҳои иштирокчии ИДМ табодули назар карданд. Таваҷҷуҳи хоса ба 30 соли таҷрибаи ҳамкорӣ дар ИДМ ва дурнамои рушди он дода шуд.
Иштирокдорони нишаст иттилоотро оид ба рушди системаҳои ҳамкории низомии вазоратҳои мудофиаи кишварҳои иштирокчии ИДМ дар самти таълимоти ҳарбӣ ва омода намудани кадрҳо, дар бораи хулосаи бозиҳои артишии байналмилалӣ-2021 ва баландбардории сатҳи касбияти низомиён, оид ба иштироки Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Беларус дар рушди муштараки системаи алоқаи қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои Иттиҳод, инчунин вобаста ба гузаронидани машқҳои омӯзишии гурӯҳии компютерии ситоди низомии муштараки зиддиҳавоии кишварҳои узви ИДМ «Амнияти минтақавӣ — 2022» шуниданд.
Вазирони мудофиа ҷиҳати ба Академияи низомӣ-ҳавоии Русия ба номи профессор Н.Е.Жуковский ва Ю.А.Гагарин додани мақоми ташкилоти марказии кишварҳои иштирокчии ИДМ дар самти омода кардани кадрҳои низомӣ барои қувваҳои низомии ҳавоӣ қарор қабул карданд.
Роҳбарони вазоратҳои мудофиа фаъолияти муштараки системаи дифои ҳавоии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2022-ро тасдиқ намуда, ҳамчунин тасмим гирифтанд, ки медали «Барои саҳм дар таҳкими сулҳ» таъсис дода шавад.
Ба ғайр аз ин иштирокчиён нақшаи кори Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои иштирокчии ИДМ-ро барои солҳои 2022 муайян намуда, якчанд қарорҳо қабул намуданд.
АКСҲО: хадамоти матбуоти Кумитаи ҷроияи ИДМ










80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд






