Шералӣ Мирзо дар ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ иштирок намуд

Ноябрь 11, 2021 13:10

ДУШАНБЕ, 11.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Шералӣ Мирзо дар ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки 10 ноябр дар шаҳри Москва доир шуд, иштирок намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар медиҳад.

Дар ҷаласа инчунин Раиси Шӯрои вазирони мудофиаи давлатҳои иштирокчии ИДМ, Вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу, Вазири мудофиаи  Ҷумҳурии Озарбойҷон Зокир Гасанов, вазири мудофиаи Ҷумҳурии Арманистон Аршак Карапетян, вазири мудофиаи Ҷумҳурии Беларус Виктор Хренин, вазири дифои Ҷумҳурии Қазоқистон Мурат Бектанов, вазири мудофиаи Ҷумҳурии Қирғизистон Бактибек Бекболотов, вазири мудофиаи Туркманистон Бегенч  Гундогдиев, вазири мудофиаи Ҷумҳурии Узбекистон  Баҳодир Қурбонов, Раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев, мушовири Шӯрои вазирони дифои давлатҳои иштирокчии ИДМ Юрий Дашкин иштирок доштанд.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа, маҷмӯи масъалаҳои рушди ҳамкории дуҷониба дар самти мудофиа ва бехатарӣ баррасӣ карда шуд.

Сардорони хадамоти низомӣ оид ба масоили ҳолати сиёсӣ-низомии ҷаҳон ва таъсири он ба бехатарии кишварҳои иштирокчии ИДМ табодули назар карданд. Таваҷҷуҳи хоса ба 30 соли таҷрибаи ҳамкорӣ дар ИДМ ва дурнамои рушди он дода шуд.

Иштирокдорони нишаст иттилоотро оид ба рушди системаҳои ҳамкории низомии вазоратҳои мудофиаи кишварҳои иштирокчии ИДМ дар самти таълимоти ҳарбӣ ва омода намудани кадрҳо, дар бораи хулосаи бозиҳои артишии байналмилалӣ-2021 ва баландбардории сатҳи касбияти низомиён, оид ба иштироки Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Беларус дар рушди муштараки системаи алоқаи қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои Иттиҳод, инчунин вобаста ба гузаронидани машқҳои омӯзишии гурӯҳии компютерии ситоди низомии муштараки зиддиҳавоии кишварҳои узви ИДМ «Амнияти минтақавӣ — 2022» шуниданд.

Вазирони мудофиа ҷиҳати ба Академияи низомӣ-ҳавоии Русия ба номи профессор Н.Е.Жуковский ва Ю.А.Гагарин додани мақоми ташкилоти марказии кишварҳои  иштирокчии ИДМ дар самти омода кардани кадрҳои низомӣ барои қувваҳои низомии ҳавоӣ қарор қабул карданд.

Роҳбарони вазоратҳои мудофиа фаъолияти муштараки системаи дифои ҳавоии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2022-ро тасдиқ намуда, ҳамчунин тасмим гирифтанд, ки медали «Барои саҳм дар таҳкими сулҳ» таъсис дода шавад.

Ба ғайр аз ин иштирокчиён нақшаи кори Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои иштирокчии ИДМ-ро барои солҳои 2022 муайян намуда, якчанд қарорҳо қабул намуданд.

                                  АКСҲО: хадамоти матбуоти Кумитаи ҷроияи ИДМ

Ноябрь 11, 2021 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Сарпрокуратураи ҳарбӣ оид ба иҷрои талаботи қонун дар самти даъвати шаҳрвандон ҷаласа доир гардид
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ҷаласаи комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Дар машқгоҳи саҳроии «Фахробод» тамринҳои амалӣ доир гардиданд
Роҳбарони Бюрои миллии марказии Интерполи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил вохӯрӣ намуданд
Вохӯрии гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир шуд
Дар Душанбе дар мавзуи нақши занон дар фаъолияти милитсияи тоҷик ҳамоиш доир гардид
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Ба ҳар гуна паёмак бовар накунед!»
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад
Вазирони амнияти ҷамъиятӣ ва корҳои дохилии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуданд
Дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҷашни Истиқлоли давлатиро таҷлил намуданд
Ҷаласаи гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон доир шуд
33-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Вазорати корҳои дохилӣ ҳамоиши идона баргузор шуд