Сироҷиддин Муҳриддин бо кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Россия мулоқот намуд

Ноябрь 9, 2021 16:16

ДУШАНБЕ, 09.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 8 ноябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар масири сафари худ ба Париж ҷиҳати иштирок дар Иҷлоси 41-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО, (9-24 ноябри соли ҷорӣ) бо кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Россия мулоқот анҷом дод.

Вазири корҳои хориҷӣ зимни суҳбат дипломатҳоро ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, аҳамияти қабули онро  ба сифати як санади тақдирсози сиёсӣ ва ҳуқуқӣ қайд кард. Таъкид гардид, ки маҳз Конститутсия барои бунёди давлати соҳибихтиёри демократию ҳуқуқӣ ва дунявӣ, ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ заминаи мустаҳкамро фароҳам овард.

Дар зимн, С. Муҳриддин  нақши муҳими Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таъмини соҳибихтиёрии Тоҷикистон, инчунин волоият ва риояи қонуни асосии давлат, ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон махсусан таъкид намуд.

Вазири корҳои хориҷӣ бо тазаккур аз хидматҳои арзандаи ходимони сиёсии давлат, ҳамчунин мукофоти давлатии “30 солагии Истиқлолият”-ро, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода сарфароз гардонида шуда буд, ба  ӯ тақдим кард.

АКС: ВКХ ҶТ

Ноябрь 9, 2021 16:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Екатеринбург бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ ва таърихии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд