Собиқ узви дастаи миллии Тоҷикистон сармураббии дастаи мунтахаби гӯштини тарзи озоди Руминия таъйин шуд

Ноябрь 17, 2021 10:21

ДУШАНБЕ, 17.11.2021 АМИТ «Ховар»/. Зодаи Доғистон Юсуф Абдусаломов сармураббии дастаи мунтахаби гӯштини тарзи озоди Руминия таъйин шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Вазорати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Доғистон хабар медиҳад.

«Юсуф Абдусаломов сармураббии дастаи мунтахаби гӯштини тарзи озоди Руминия гардид. Шартномаи мураббӣ бо дастаи мунтахаби ин кишвар ҳашт сол аст», — омадааст дар иттилоия.

Аз соли 2013 инҷониб мутахассис бо дастаи миллии Лаҳистон кор карда, бо он ду даври олимпиро гузаронд. Дар ин муддат варзишгарони Лаҳистон дар чемпионатҳои ҷаҳон ва Аврупо 27 медал ба даст оварда, дар Бозиҳои олимпӣ иштирок карданд.

Ёдовар мешавем, ки Юсуф Абдусаламов 44-сола буда, 8 ноябри соли 1977 дар шаҳри Махачқалъаи Доғистон таваллуд шудааст. Миллаташ авар буда, аз соли 1992 ба гӯштин шурӯъ кардааст. Баъдан ба Озарбойҷон, сипас ба Тоҷикистон рафтааст.

Юсуф Абдусаломов аз соли 2002 дар ҳайати дастаи миллии Тоҷикистон дар мусобиқаҳо иштирок мекард. Ӯ дар ҳайати Тоҷикистон се маротиба дар Бозиҳои олимпӣ иштирок карда, соли 2002 барандаи медали нуқраи Бозиҳои Осиё гардид. Соли 2003 дар Чемпионати Осиё чемпион шуд. Соли 2004 дар Бозиҳои олимпӣ дар Афина ширкат кард, аммо дар он ҷои 9-умро ишғол кард. Соли 2007 медали нуқраи Чемпионати ҷаҳон ва медали биринҷии Чемпионати Осиёро ба даст овард. Соли 2008 дар Бозиҳои олимпии Пекин дар вазни то 84 кг медали нуқра ба даст овард. Соли 2012 барандаи медали биринҷии Чемпионати Осиё шуд, вале дар Олимпиадаи Лондон танҳо мақоми 15-умро касб кард.

Аз соли 2013 ӯ ба ҳайси сармураббии дастаи гӯштини тарзи озоди Лаҳистон кор кардааст.

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 17, 2021 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд