СУТ изҳор дошт, ки пайдоиши штамми омикрон далели вазъияти хатарнок дар ҷаҳон аст
ДУШАНБЕ, 30.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Зуҳури штамми омикрони коронавирус далели он аст, ки то чӣ ҳад пандемия хатарнок аст ва то чӣ андоза инсоният имрӯз дар вазъияти мураккаб қарор дорад. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора директори генералии СУТ Тедрос Аданом Гебрейесус дирӯз, 29 ноябр зимни ифтитоҳи иҷлосияи махсуси Ассамблеяи ҷаҳонии тандурустӣ дар Женева дар мавзӯи омодагӣ ба пандемияҳои нав изҳори назар намуд.
«Пайдоиши намуди «омикрон», ки дорои қобилияти баланди тағйирёбӣ мебошад, далели он аст, ки мо то чӣ андоза дар вазъияти таҳдидкунанда ва мураккаб қарор дорем», — зикр намуд ӯ. Ба гуфтаи директори генералии СУТ, пайдоиши намуди нав зарурати миёни давлатҳо бастани «созишномаи нав оид ба пандемия»-ро ба миён меорад.
Роҳбари СУТ таъкид намуд, ки «мебояд ба Африқои Ҷанубӣ барои дарёфт ва иттилоъ додан оид ба ин намуд изҳори миннатдорӣ намуд, на балки онҳоро ҷазо дод».
АКС: Getty Images








Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






