Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи Муҳаммадҷон Қосимов дар як намоиш ҳунармандони собиқро сарҷамъ намуд

Ноябрь 21, 2021 09:07

ДУШАНБЕ, 21.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 19 ноябр дар Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи Муҳаммадҷон Қосимов ё худ театри «Аҳорун» намоиш театрӣ бо иштироки собиқадорон бахшида ба 50-солагии  фаъолияти эҷодии  ҳунарпешаи маҳбуб Сабоҳат Қосимова баргузор гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз Театри мазкур.

Дар намоиши театрӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, муовини аввали Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Обид Назариён, ҳунармандони собиқадори театри мазкур, аҳли илми фарҳанг ва тамошобинон иштирок намуданд.

Барномаи театрӣ аз се бахш иборат буд ва  дар он ҳунармандони собиқадор, ҳунармандони ҳозира ва ҷавонон намоишҳои ҷолиберо пешниҳоди иштирокдорон гардониданд.

Зикр шуд, ки Таетри таҷрибавии тамошобини ҷавон «Аҳорун» дар тулии 31 соли фаолияти худ ҳунармандони касбиеро тарбия ва ба камол расонидааст, ки онҳо фарҳангу санъати халқи  тоҷикро ба  ҷаҳониён муаррифӣ намудаанд. Ин театр соли 1990 ба фаъолият шурӯъ намудааст.

Сабоҳат Қосимова бо ифтихор гуфт, ки   дар оғози фаъолияти театр  ҳунармандони ҷавон ба кор  ҷалб гардида, ин ҷо аз ҳунарпешаҳои  варзида дарси маҳорат омӯхтанд,  ки бархе аз онҳо имрӯз чеҳраи мондагори театри тоҷик гардидаанд.

Бояд гуфт, ки Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи Муҳаммадҷон Қосимов ё худ театри «Аҳорун» аввал чун студия ба вуҷуд омад, роҳбари бадеии онро  ҳунарпеша ва коргардони маъруф  Фаррух Қосимов ба уҳда дошт. Аз соли 2010 ин вазифаро завҷаи ӯ — ҳунарпеша Сабоҳат  Қосимова ба уҳда дорад.

Нахустин намоиши «Аҳорун» — «Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон» аз рӯйи ашъори Ҷалолуддини Балхӣ, Шайх Аттор, Ҳофизи Шерозӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ соли 1991 таҳия шуд, ки аз ҳар лиҳоз навгонӣ дар театри тоҷик буд. Намоишҳои дигари «Аҳорун» — «Исфандиёр», «Шоҳ Фаридун» (ҳар ду аз рӯйи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, 1992, 1997) — «Даҷҷол» (1994) — «Шайх Санъон» (1996) — «Қиссаи ишқ» (2000) «Шоҳ Лир» (2003) — «Зардушт» (2006) — «Раъно» (2007) — «Дило, назди касе биншин …» (2008) дар дигар намоишҳо мебошад, ки то имрӯз дар саҳнаи театри тоҷик ба намоиш гузошта мешаванд.

АКСҲО: Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон Аҳорун

Ноябрь 21, 2021 09:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вобаста ба татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия вохӯрӣ баргузор гардид
Имсол зиёда аз 120 ҳазор нафар дар осорхонаҳои ҷумҳурӣ бо мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик шинос шуданд
Соли равон зиёда аз 5000 сайёҳ мавзеъҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистонро тамошо карданд
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон нахустин маротиба Фестивали либосҳои миллиро баргузор менамояд
Шоҳрух Юнусов аз Тоҷикистон дар консерти ҷамъбастии солистони Академияи байналмилалии операи назди Театри «Остона Опера» ҳунарнамоӣ кард
Дар Москва бахшида ба бузургдошти мутафаккири барҷастаи тоҷик Абӯалӣ Ибни Сино ҳамоиш доир мешавад
Дар Душанбе маҳфили адабӣ бо иштироки Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло баргузор шуд
Теъдоди довталабони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» сол то сол меафзояд
Дар Тоҷикистон 66 Қасри фарҳанг барои баргузории барномаҳои фарҳангию фароғатӣ фаъолият дорад
«Телевизиони Сафина» соли 2024 силсилабарномаҳои «Достон» ва «Шоҳномахонӣ»-ро пешниҳоди бинандагон мегардонад
Кумитаи телевизион ва радио: «Имсол аз ҷониби дастаҳои ҳунарӣ 163 суруду оҳанг сабт гардид»
Корҳои сохтмонӣ дар бинои истиқоматӣ барои кормандони Кумитаи телевизион ва радио оғоз шудааст