ВАО: дар назди бинои бемористон дар маркази Кобул ду таркиш ба амал омад
ДУШАНБЕ, 03.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дуюмин таркиши пурқувват рӯзи сешанбе дар қисмати марказии Кобул, дар назди бинои бемористони ба номи Муҳаммад Довудхон рух дод. Ба иттилои АМИТ «Ховар», дар ин бора шабакаи телевизионии маҳаллии Tolo News хабар додааст.
Ба иттилои ӯ, дар айни замон дар маҳаллаи Вазир-Акбархон, ки дар он намояндагиҳои дипломатии хориҷӣ низ ҷойгиранд, миёни ҳамлагарон ва ҷангиёни ҳаракати тундгарои “Толибон” (мамнӯъ дар Русия), ки қудратро дар кишвар ба даст овардаанд, тирпарронӣ ҷараён дорад.
Тавре муовини дуюми вазири иттилоот ва фарҳанг Билол Каримӣ, ки аз ҷониби радикалҳо таъйин шудааст, ба шабакаи телевизионӣ гуфт, таркиши аввал дар назди даромадгоҳи бинои муассисаи тиббӣ, дуввумӣ дар атрофи он рух дод.
Бемористони ба номи Муҳаммад Довудхон барои 400 кат пешбинӣ шуда, ба Вазорати дифои Афғонистон тааллуқ дорад.
Дар бораи қурбониён ва захмбардоштагони ҳодиса ҳанӯз иттилое нест.
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






