«ВОЯИ БУСТЕРН* ГИРЕД!». Вирусологи тоҷик ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки ҳар шаш моҳ аз реваксинатсия* гузаранд
ДУШАНБЕ, 02.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Профессори кафедраи микробиология, иммунология ва вирусологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Саидбек Сатторов ба аҳолӣ тавсия медиҳад, ки ҳар шаш моҳ як маротиба аз реваксинатсия гузаранд. Дар ин бора ӯ имрӯз ба АМИТ «Ховар» изҳори назар намуд.
«Аз он шуруъ мекунем, ки роҳи асосии пешгирии COVID-19 ваксинатсия мебошад,- гуфт ӯ. — Ваксина аввал бояд ба одамоне гузаронида шавад, ки аз COVID-19 сироят наёфтаанд, зеро эҳтимоли сироят ёфтани онхо ба COVID-19 бештар аст».
Ба гуфтаи ӯ, дар марҳилаи аввал чунин афрод бояд ду маротиба ваксина гиранд. Пас аз 21 рӯзи вояи якуми ваксина вояи дуюм ворид карда мешавад. Вақте ки бори якум ваксина гузаронида мешавад, бадан бо вирус «шинос» мегардад. Дар ҳолати такроран ваксина кардан дар организм якбора миқдори зиёди подтанҳо пайдо шуда, масуният пурқувват мешавад. Ин масуният то 6 моҳ қобилияти мубориза бурдан бо бемориро дорад. Пас аз 6 моҳ масуният паст мегардад ва дар ин ҳалат зарурати гузаронидани реваксинатсия ба миён меояд.
«Касоне, ки ба ин беморӣ гирифтор шудаанд, дар онҳо табиатан сатҳи баланди масуният пайдо мешавад. Ва ин масуният то 6 моҳ қобилияти муҳофизат кардан дорад. Аз ин рӯ, пас аз 6 моҳи беморӣ ин нафар бояд аз нав ваксина карда шавад», -мегӯяд профессор Сатторов.
Ба гуфтаи профессори кафедраи ДДТТ Саидбек Сатторов, бо сабаби вазъи кунунии бошиддат паҳншавии ин вирус дар кишварҳои хориҷӣ ва сатҳи баланди бемории COVID-19, эҳтимоли аз хориҷи кишвар ворид шудани ин беморӣ ба Тоҷикистон вуҷуд дорад. «Аз ин рӯ, хуб мешуд, ки аҳолии мо ба ном «вояи бустерн»-ро гиранд, яъне то ба охир расидани пандемия ҳар 6 моҳ такроран аз ваксинатсия гузаранд», — гуфт ӯ.
Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»
_______________________
*Вояи бустерн (аз англ. boost — «баланд кардан») — бо гузашти муддати муайян пас аз гирифтани вояҳои аввали ваксина ба таври илова ба бадан гузаронидани ваксина мебошад. Ин истилоҳ дар мавриди реваксинатсия низ ба кор бурда мешавад.
*Ревакцинация – тадбирҳои вобаста ба таҳким додани масунияте, ки баъди ваксинатсияи гузашта ҳосил шудааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Гузариш ба иқтисоди «сабз» барои ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ имконоти зиёд фароҳам меоварад»
ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. «Lonely Planet» Тоҷикистонро байни самтҳои беҳтарини сайёҳии ҷаҳон ҷой дод
Сарвари давлат: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст






