Дар Душанбе дар доираи маъракаи ҷаҳонии «16 рӯзи амал зидди зӯроварӣ нисбат ба занон» барномаи «Нури рушноӣ» расман оғоз гардид

Ноябрь 25, 2021 16:00

ДУШАНБЕ, 25.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди хушунат  дар шаҳри Душанбе барномаи иттилоотӣ доир гардид, ки зимни он бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созмони Милали Муттаҳид  ва Иттиҳоди Аврупо амалишавии барномаи «Нури рушноӣ» дар Тоҷикистон ва баргузории маъракаи ҷаҳонии «16 рӯзи амал зидди зӯроварии гендерӣ» расман оғоз гардид, хабар медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Дар оғози расмии ташаббуси «Нури рушноӣ» дар Тоҷикистон дар доираи маъракаи ҷаҳонии «16 рӯзи амал зидди зӯроварӣ нисбат ба занон» муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, Ҳамоҳангсози доимии  СММ дар Тоҷикистон Сезин Синаноглу, намояндаи доимии Барномаи рушди СММ Пратибха Мехта, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳо ва намояндагони агентиҳои СММ дар Тоҷикистон  иштирок намуданд.

Муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигорахон Ғаффорзода иброз намуд, ки амалишавии ташаббуси «Нури рушноӣ» дар Тоҷикистон тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 майи соли 2021 «Дар хусуси лоиҳаи ёддоштҳои табодулӣ дар мавриди амалисозии Барномаи муштараки Созмони Милали Муттаҳид оид ба ташаббуси «Нури рӯшноӣ» роҳандозӣ гардид ва мутобиқи табодули ёддоштҳо дар мавриди амалисозии лоиҳаи мазкур миёни муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ва Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Сезин Синаноглу сурат гирифт ва тибқи он Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсози миллӣ вобаста ба амалишавии лоиҳаи мазкур муайян гардидааст.

Муовини Сарвазир Матлубахон Сатториён иброз намуд, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон принсипҳое муайян шудаанд, ки  пойдории оила ва ҳимояву дастгирии он аз ҷониби  давлат, баробарҳуқуқии мардону занон  дар ҳалли масъалаҳои оилавӣ, баробарҳуқуқӣ дар муносибатҳои  оилавӣ сарфи назар  аз миллату нажод ва эътиқоди динӣ, муҳофизат ва ҳавасманд кардани модарӣ, ғамхорӣ нисбат ба тарбияи фарзандон ва таъмини  манфиатҳои онҳо, якканикоҳӣ, озодонаву ихтиёрӣ бастану  бекор намудани ақди никоҳро давлат кафолат медиҳад. Дар сиёсати пешгирифтаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  таъмини сатҳи шоистаи шаҳрвандони мамлакат яке аз самтҳои асосии рушди ҷумҳурӣ муайян гардидааст. Аммо таъмини зиндагии арзандаву шоиста дар ҳолати ҷой доштани зӯроварӣ, поймолкунии  ҳуқуқу шарафи як инсон аз ҷониби инсони дигар ғайриимкон аст. Аз ин лиҳоз масъалаи пешгирии зӯроварӣ дар ҳуҷҷатҳои стратегии рушди кишвар ҳамчун самти муҳими фаъолият муқаррар гардидааст.

Мавсуф афзуд, ки бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 3 декабри соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ба тасвиб расид, ки сабаби беҳтар гардидани мақому манзалати зан дар ҳаёти ҷомеа гардид. Мавриди тазаккур аст, ки дар заминаи Фармони мазкур якчанд санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ қабул гардидаанд, ки ҷиҳати баробарии воқеии занону мардон дар ҷомеаи имрӯза мусоидат менамоянд. Инчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зӯроварӣ дар оила» ва дигар барномаҳои соҳавӣ таҳия гардиданд, ки татбиқи онҳо  ба беҳтар гардидани  мақоми зан дар ҷомеа мусоидат мекунад.

«Қабули лоиҳаи ёддоштҳои табодулӣ дар мавриди амалисозии барномаи муштараки СММ  оид ба ташаббуси «Нури рӯшноӣ», ки аз ҷониби ИА  маблағгузорӣ мешавад, тасдиқи он аст, ки  Ҷумҳурии Тоҷикистон  батадриҷ уҳдадориҳоро дар самти амалӣ намудани ҳифзи ҳуқуқҳои занон ва пешгирии зӯроварӣ нисбат ба онҳо амалӣ намуда истодааст»,-афзуд Матлубахон Сатториён.

Ҳамоҳангсози кишварии СММ дар Тоҷикистон Сезин Синаноғлу гуфт, ки масъалаи  хушунат нисбат ба занон на танҳо мушкилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад,  балки он ба тамоми кураи Замин рабт дорад.  Аз ин рӯ СММ дар якҷоягӣ бо созмонҳои байналмилалии дахлдор Лоиҳаи ташаббуси «Нури рӯшноӣ»-ро таъсис дода, дар 25  мамлакати дунё онро пиёда сохт.

«Ҳадафи ташаббуси «Нури рӯшноӣ» барои хотима додан ба ҳама гуна шаклҳои хушунат нисбат ба занон ва духтарон, бархурдор гардидани занону духтарон аз ҳуқуқҳои худ ва зиндагии бехушунат равона гардида, дурнамои амалишавии он дар Тоҷикистон то моҳи декабри соли 2022 муайян шудааст. Барнома тавассути вокуниш ба ниёзҳои занону духтарон, рафъи сабабҳои асосии зўроварӣ нисбат ба занон ва духтарон бо истифодаи ҳамкории бисёрсоҳа ва байнисоҳавӣ муосидат хоҳад кард. Дар ҷаҳон аз 3 нафар зан 1 нафари он мавриди зӯроварӣ қарор мегирад, ки боиси нигаронии аҳли башар аст.  Зӯроварӣ дар оила на танҳо ба худи ҳамон оила зарар мерасонад, балки ба ҷомеа, минтақа ва ҷаҳон таъсири манфӣ дорад, ки роҳи ҳалли онро мо бояд ҳатман пайдо намоем», гуфт ҳамоҳангсози кишварии СММ дар Тоҷикистон Сезин Синаноглу.

Дар нишаст ҳамзамон зикр гардид, ки натиҷаҳои пешбинишавандаи  ташаббуси «Нури рӯшноӣ»- ин ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Тоҷикистон ва бархурдор гардидани онҳо аз дастрасии беҳтар ба адолати судӣ ва хизматҳои босифате, ки аз ҷониби мақомоти қонунгузор, иҷроия ва суд дар ҳамаи сатҳҳо ба таври шаффоф, масъулиятнок ва бо таваҷҷуҳ ба масоили гендерӣ расонида мешаванд, буда, ҳамзамон занон, ҷавонон, кӯдакон, маъюбон ва дигар гурӯҳҳои осебпазир аз ҳама гуна зӯроварӣ ва табъиз ҳифз мегарданд. Аз ин рӯ, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи иттилоотонии аҳолӣ, мусоидат ба муколама, таъмини уҳдадориҳо ва нишон додани пешравии якҷоя дар коҳиш додани зӯроварии гендерӣ амали якҷояи ташаббуси «Нури рӯшноӣ» ва маъракаи ҷаҳонии «16 рӯзи фаъолияти фаъол зидди зӯроварии гендерӣ» дар сатҳи миллӣ ба роҳ монда мешавад.

Мудири бахши иттилооти Кумитаи кор бо занон ва оила Сабоҳат Рустам зикр кард, ки ҳадафи ташаббуси «Нури рӯшноӣ» барои хотима додан ба ҳама гуна шаклҳои хушунат нисбат ба занон ва духтарон, бархурдор гардидани занону духтарон аз ҳуқуқҳои худ ба зиндагии бехушунат равона гардида, дурнамои амалишавии он дар Тоҷикистон то моҳи декабри соли 2022 муайян шудааст.

Барнома тавассути вокуниш ба ниёзҳои занону духтарон, рафъи сабабҳои асосии зӯроварӣ нисбат ба занон ва духтарон бо истифодаи ҳамкории бисёрсоҳа ва байнисоҳавӣ муосидат хоҳад кард.

Дар ҷамъомад иштирокчиён   доир ба хушунату зӯроварӣ дар оила ибрози андеша намуда, навори видеоӣ оид ба пешгирии зӯроварии гендерӣ ва барномаи балетӣ ба ҳозирин пешкаш гардиданд.

Ҳамзамон барои ВАО дар доираи маъракаи ҷаҳонии «16 рӯзи мубориза бар зидди  зӯроварии гендерӣ» нишасти матбуотӣ бо иштироки намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оила,  Созмони Милали Муттаҳид  ва Иттиҳоди Аврупо доир гардида, хабарнигорон ба суолҳои пешниҳодгардидаашон посухҳои амиқ гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки  маъракаи ҷаҳонии «16 рӯзи мубориза бар зидди зӯроварии гендерӣ»  дар тамоми кишварҳо бо қарори махсуси   СММ 25 ноябр оғоз шуда, 10 декабр анҷом меёбад.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 25, 2021 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад