Зери Парчам ба дастовардҳои рӯзафзун ноил хоҳем шуд,-бардошт аз ҳамоиш дар Кумитаи бехатарии озуқаворӣ
ДУШАНБЕ, 22.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ доир гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Кумитаи мазкур.
Раиси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ Муҳаммадсаид Файзуллозода иброз намуд, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи давлатдорӣ ва муқаддасоти миллӣ буда, раванди қабули он дар замони бисёр ҳассос ва вазъи душвори сиёсию иқтисодии кишвар сурат гирифт. Бо вуҷуди ин Роҳбари тозаинтихоби давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи қабули муқаддасоти миллӣ ва ба ин восита муттаҳид сохтани тарафҳои даргир қадамҳои устувор гузоштанд. Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ барои ҳар фарди тоҷик ифтихори давлатдорӣ ва ватандорӣ маҳсуб меёбад, зеро парчам баёнгари ҳастии миллат дар саросари ҷаҳони мутамаддин аст.
«Итминони комил дорем, ки кулли мардуми бонангу номуси тоҷик бо азму талоши созанда ва парафшонии Парчами давлати соҳибистиқлоли худ минбаъд низ барои ба давлати пешрафта табдил додани Тоҷикистони маҳбуб саҳми арзанда мегузоранд. Аз ин лиҳоз, Парчами давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон чун таҷассуми умеду ормонҳои мо ҳамеша парафшон хоҳад буд ва зери сояи он мо дар роҳи ободии Ватани азизамон ба дастовардҳои рӯзафзун ноил хоҳем шуд. Бигзор Парчами давлатии мо дар фазои орому осудаи мамлакат ҳамеша роҳнамову роҳкушои мардуми шарафмандамон бошад ва моро ба сӯи ояндаи ободу осуда раҳнамоӣ созад»,- иброз дошт Муҳаммадсаид Файзуллозода.
Дар ҷаласа доктори илмҳои фалсафа, профессор Махфират Хидирзода иброз намуд, ки «Парчами давлатӣ барои мо-тоҷикон нишонаи бақои миллат, ваҳдату ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги халқамон мебошад».
Дар идомаи ҷамъомад раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода нақш ва мавқеи Парчами мамлакатамонро дар арсаи байналмилалӣ изҳор дошта, як гурӯҳ кормандони Кумитаро бо ифтихорномаву сипоснома сарфароз гардонид.
Дар фарҷоми ҷаласа Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб вобаста ба гузашта, дирӯзу имрӯзи Парчами давлатӣ сухан гуфта, шеър қироат намуд.
АКС: Кумитаи бехатарии озуқаворӣ








Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид






