80 фоизи ашёи хоми фабрикаи пойафзоли Кангурт аз корхонаҳои ватанӣ дастрас мешавад

Декабрь 18, 2021 09:32

ТЕМУРМАЛИК, 18.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик корхонаи истеҳсолии «Пойафзоли Кангурт» мавриди истифода қарор дорад, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Кароматулло Абдузода дар муддати кӯтоҳ ва бо сифати хуб бунёд гардида, бо таҷҳизоти ҳозиразамон муҷаҳҳаз аст, иттилоъ дод хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар».

Дар корхона ҳамарӯза миқдори зиёди пойафзоли андозаҳои гуногун истеҳсол карда мешавад, ки дар бозори дохилӣ харидор доранд. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ин аввалин корхонаи пойафзолбарорӣ дар вилояти Хатлон буда, 80 фоизи ашёи хоми он аз корхонаҳои ватанӣ дастрас мешавад. Сифати маҳсулоти корхона олӣ буда, аслан аз чарм омода гардидаанд.

Роҳбарият ва коргарони корхонаи мазкур бештар ба сифати маҳсулот аҳамият медиҳанд, зеро маҳсулоти пастсифат дар муддати кӯтоҳ шумораи харидоронро кам гардонида, дар бозори дохилию хориҷӣ рақобатпазирии маҳсулоти корхонаро коҳиш медиҳад. Дар ин корхона реҷаи муайяни корӣ ва бастҳо амал мекунанд.

Тавре роҳбари корхона Темур Абдураҳимзода  иттилоъ  дод, барои пайваста ва бетанаффус фаъолият намудани корхона мутахассисон заруранд. Аз ин рӯ роҳбарияти корхона аз корхонаи пойафзолбарории  чарми Душанбе мутахассисонро ҷалб кардаанду  ҳар мутахассис ба панҷ нафар сокини маҳаллӣ тарзи кор меомӯзад.

Занону духтарони корхонаи пойафзолбарории  чарми Душанбе дар деҳаи Кангурт ба ҳамтоёни худ касб омӯхта истодаанд. Акнун занону духтарони маҳаллӣ давоми як моҳи фаъолияти корхона нозукиҳои касбро хеле аз худ кардаанд.

Дар қисмати васлгарии корхона аслан мардон кор мекунанд. Таҷҳизоти зиёди корхона дар ин қисмат буда, кораш заҳматталаб мебошад. Ҳар коргар вазифаи худро иҷро мекунаду бо дастгоҳи ба зиммааш буда қисмҳои гуногуни пойафзолро васл менамояд. Коргарони ин баст низ аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ шогирд гирифта, барои дар оянда фаъолият намудан омода карда истодаанд. Онҳо давоми як моҳи фаъолият тавонистанд пойафзолҳои андозаҳои гуногун истеҳсол намоянд.

Дар ин корхона барои хонандагони синни мактабӣ низ пойафзол истеҳсол карда мешавад ва истеҳсоли андозаҳои хурдтар барои кӯдакону наврасон низ дар назар аст.

Дар мағозаи паҳлӯи корхона маҳсулоти истеҳсолшуда ба фурӯш бароварда мешавад. Нархи пойафзол дар ин мағоза нисбат ба дигар мағозаҳо арзонтар буда, харидор метавонад намуди дилхоҳи пойафзол дастрас намояд.

Бунёду ба истифода супоридани чунин корхонаҳо дар пешрафти соҳаи саноати кишвар ва некуаҳволии сокинон нақши муассир мегузорад.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Декабрь 18, 2021 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Фархор баъд аз таъмир ба истифода дода шуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид
Лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» татбиқ мегардад
Дар Конфронси C5+1 SI дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
Коршиносони БОР соҳаи нақлиёт ва логистикаро яке аз муҳаррикони рушди иқтисодиёт арзёбӣ менамоянд
Байни Тоҷикистон ва палатаҳои савдою саноати кишварҳои ИДМ густариши робитаҳои тиҷоратӣ баррасӣ гардид
Барои фурӯши неруи барқ тавассути истгоҳҳои пуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ талаботи нав амалӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
Истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ дар самти рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда баррасӣ шуд