АҲСАН! Алишер, Файзалӣ, Далер, Лайло ва Эҳсон — беҳтарин бозингарони соли 2021 эътироф гардиданд
ДУШАНБЕ, 27.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар «Кохи Парфенон»-и шаҳри Душанбе 25 декабр Федератсияи футболи Тоҷикистон маросими ҷоизасупории беҳтаринҳои мавсимро доир намуд, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Алишер Ҷалилов – беҳтарин бозингари сол дар Тоҷикистон
Дар маросими ҷоизасупории ФФТ-2021 унвони беҳтарин бозингари солро футболбози дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе Алишер Ҷалилов ба даст овард. Қаблан соли 2019 Алишер Ҷалилов ин ҷоизаро ба даст оварда буд. Ин мавсим Алишер Ҷалилов бо дастааш се ҷоиза- Ҷоми ФФТ, Шоҳҷоми Тоҷикистон ва Лигаи олиро ба даст овард. Инчунин Алишер Ҷалилов бо дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе то ба даври 1/8- ниҳоии Лигаи Чемпионҳои Осиё-2021-роҳ ёфт.
Файзалӣ Сардоров – беҳтарин футзалбози соли 2021
Бозингари шинохтаи дастаи «Соро компания»-и шаҳри Душанбе Файзалӣ Сардоров унвони беҳтарин футзалбози мавсими 2021-ро ба даст овард. Дар мавсими ҷорӣ Файзалӣ Сардоров бо дастааш требл намуда, барандаи Суперҷоми Тоҷикистон, Ҷоми кишвар ва чемпионати мамлакат гардид.
Далер Шарипов — футболбози умедбахши соли 2021
Дар маросими ҷоизасупории Федератсияи футболи Тоҷикистон Далер Шарипов ҷоизаи футболбози умедбахши соли 2021-ро ба даст овард. Қаблан Далер Шарипов унвони беҳтарин бозингари Лигаи якуми мамлакатро соҳиб шуда буд.
Лайло Ҳалимова — беҳтарин футболбози сол миёни бонувон
Ҳамлагари дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар Лайло Ҳалимова унвони беҳтарин бозингари мавсими 2021-ро соҳиб шуд. Дар ин мавсим Лайло Ҳалимова бо дастааш медали тиллои Чемпионати Тоҷикистон миёни бонувонро ба даст овард. Инчунин Лайло Ҳалимова бо задани 67 гол беҳтарин нишонзани Чемпионат эътироф гардид.
Эҳсони Панҷшанбе — беҳтарин бозингари тоҷик дар хориҷи кишвар
Ниммуҳофизатгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон ва дастаи футболи «Навбаҳор»-и шаҳри Намангони Узбекистон Эҳсони Панҷшанбе унвони беҳтарин бозингари тоҷик дар хориҷи кишварро ба даст овард. Эҳсони Панҷшанбе имсол дар Чемпионати Узбекистон хуб дурахшид ва ҳатто яке аз футболбозони калидии даста ба шумор меравад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд






