Аҳтам Абдуллозода ва Иброҳим ибни Муҳаммад Ал-Абдулло оид ба ҳамкории кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Қатар суҳбат намуданд
ДУШАНБЕ, 15.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. 14 декабр ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода бо Сафири Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳим ибни Муҳаммад Ал-Абдулло мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.
Аҳтам Абдуллозода аз робитаҳои дӯстонаи ду давлат дар ҳамаи самтҳо, ки бо шарофати роҳбарони кишварҳо амалӣ мегардад, изҳори қаноатмандӣ намуд.
Давлати Қатар чанд соли охир иқдомҳои бузургро дар соҳаи варзиш рӯи даст гирифт. Аз ҷумла, соли оянда давлати Қатар мизбони Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол ва соли 2030 мизбони Бозиҳои Осиё хоҳад буд, ки такони ҷиддӣ дар рушди варзиши минтақа ва ҷаҳон хоҳад шуд.
Иброҳим ибни Муҳаммад Ал-Абдулло робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қатар, аз ҷумла робитаҳои кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистону Қатарро, ки дар асоси Ёддошти тафоҳум ба роҳ монда шудаанд, тавсиф намуд.
Дар идома Абдуллозода Аҳтам аз сафир хост, ки табрикоти самимонаи роҳбарияти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистонро ба Шайх Ҷоан ибни Ҳамад Ал-Танӣ ба муносибати дубора интихоб шуданашон ба вазифаи президенти Кумитаи олимпии Қатар расонад.
Дар мулоқот масъалаҳои дигари ҳамкорӣ, аз ҷумла сохтмони иншооти варзишӣ барои варзиши сабук дар шаҳри Душанбе, ба роҳ мондани машқҳои дастҷамъии дастаҳои мунтахаби ҳарду кишвар дар Қатар ва Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.
Дар хатми мулоқот Иброҳим ибни Муҳаммад Ал-Абдулло ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон китоби роҳнамои Бозиҳои Осиё-2030 ва Аҳтам Абдуллозода ба сафир туҳфаи хотиравӣ тақдим карданд.
АКС: КМО Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






