Ҳайати Тоҷикистон дар Москва дар ҷаласаи кории гурӯҳи машваратии «Паймони Париж» иштирок дорад
ДУШАНБЕ, 16.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода дар ҷаласаи кории гурӯҳи машваратии «Паймони Париж» иштирок дорад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Агентӣ.
Ҷаласаи мазкур бо ташаббуси Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ (UNODC) баргузор гардида, 15 декабр дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия ифтитоҳ ёфт.
Директори Агентӣ дар ҷаласаи мазкур дар бораи Шарҳи стратегӣ оид ба тамоюлҳои охирин, масир ва усулҳои муомилоти ғайриқонунии маводи афюнии аз Афғонистон воридшаванда сухан гуфт.
Ҳамчунин дар ҷараёни ҷаласа вазъи маводи нашъаовар дар минтақа, муомилоти ғайриқонунии маводи афюнии афғонӣ ва чораҳо оид ба тақвияти ҳамкории минтақавӣ вобаста ба пешгирии қочоқи он аз ҳудуди Афғонистон муҳокима гардиданд.
Дар ҳошияи ҷаласаи мазкур вохӯрии Директори Агентӣ бо Ҳамоҳангсози аршади Барномаи минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ Ҷереми Милсом баргузор гардида, зимни он масъалаҳои ҳамкории мутақобилан судманд, аз ҷумла мусоидат ба Агентӣ дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар доираи барномаи зикршуда муҳокима гардид.
Ҷаласаи мазкур идома дорад.
АКСҲО: Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ










«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид






