Ҳайати вилояти Хатлон дар Форуми «Ҳафтаи байналмилалии соҳибкорӣ-2021» дар шаҳри Уфа иштирок мекунад
ДУШАНБЕ, 14.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 15 то 17 декабр дар шаҳри Уфаи Ҷумҳурии Бошқирдистон Форуми «Ҳафтаи байналмилалии соҳибкорӣ-2021» баргузор мегардад, ки дар он ҳайати вилояти Хатлон бо роҳбарии муовини раиси вилоят Акрам Сулаймонзода ва дигар масъулин иштирок мекунанд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи итилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон.
Ҳайати вилоят барои иштирок дар Форуми мазкур имрӯз ба шаҳри Уфаи Федератсияи Русия рафт. Аъзои ҳайатро дар фурудгоҳи шаҳри Уфаи Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Русия Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа Саид Эмом ва намояндаи вазорати робитаҳои иқтисодӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Бошқирдистон бо самимияти хосса пешвоз гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки Форуми «Ҳафтаи байналмилалии соҳибкорӣ-2021» пагоҳ оғоз мешавад.
АКС: шуъбаи итилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон








Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»






