Ҷамолиддин Нуралиев бо ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор мулоқоти маҷозӣ анҷом дод
ДУШАНБЕ, 09.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев дар доираи ифтитоҳи Барномаи лоиҳаи кумаки техникии Шарҳи суботи бахши молиявӣ (Financial Sector Stability Review-FSSR) бо ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор /ХБА/ Карлос де Баррос Серрао ва С. Эрик Опперс мулоқоти маҷозӣ анҷом дод, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон.
Ҷамолиддин Нуралиев аз ҳамкории пурмаҳсул ва гуногунҷабҳаи ХБА ва БМТ, ки дар маҷмӯъ барои рушди низоми бонкии Тоҷикистон равона гардидааст, изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳавасмандии хешро ҷиҳати тақвияти равобити дуҷониба ва идомаи татбиқи ислоҳоти низоми бонкӣ дар кишвар иброз дошт.
«Бонки миллии Тоҷикистон бо Хазинаи Байналмилалии Асъор ҳамкории барои ҳарду ҷониб манфиатоварро ба роҳ монда, дар ин замина лоиҳаи кумаки техникии навро, ки маҳз бо дархости Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини устувории суботи молиявӣ дастгирӣ ёфтааст, муҳим арзёбӣ менамояд. Кумаки техникии мазкур барои рушди бахши молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи идомаи татбиқи ислоҳот ҷиҳати таҳкими суботи молиявӣ, пешбурди сиёсати самараноки макропруденсиалӣ, идоракунии хавфҳо, танзим ва назорати бонкӣ саривақтӣ ва ба мақсад мувофиқ мебошад»,- изҳор дошт Ҷамолиддин Нуралиев.
Зикр гардид, ки Барномаи кумаки техникии Шарҳи суботи бахши молиявии (FSSR) Хазинаи Байналмилалии Асъор аз соли 2017 шурӯъ шуда, Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст бо дархости Бонки миллии Тоҷикистон дар қатори 24 давлати дунё ба дастгирӣ ва татбиқи он аз ҷониби ХБА комёб гаштааст.
Намояндаи ХБА Карлос де Баррос Серрао дар рӯнамоӣ аз раванди татбиқи лоиҳаи кумаки техникӣ оид ба баҳогузории бахши суботи молиявӣ бо компонентҳои асосии он, тақсимбандии хавфҳои бахши молиявӣ дар доираи матритса ва ба ин васила коҳиш додани хавфҳо ва идоракунии онҳо дар зинаҳои баъдӣ ба таври муфассал гузориш дод. Зикр шуд, ки дар доираи татбиқи марҳилаи аввал шарҳи бахши суботи молиявӣ омода гардида, нақшаи амал барои фаъолияти ҳайати навбатӣ омода мегардад. Татбиқи марҳилаи навбатӣ дар ҳайати васеъ, ки моҳи апрели соли 2022 дар назар аст, барои идомаи лоиҳа дар давраи миёнамуҳлат заминаи мусоид фароҳам меорад.
Зимни мулоқот ҷониби ХБА барои ҳамкорӣ дар доираи кумаки техникӣ бо истифода аз тамоми имконоти мавҷуда изҳори омодагӣ карда, ҳамчунин аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод шуд, ки зимни татбиқи барнома бештар ба масъалаҳои таҳкими заминаи сиёсати макропруденсиалӣ, воситаҳои таҳлили хавфҳо, аз ҷумла истифодаи модулҳои нави фишорсанҷиш ва такмили омори молиявӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд.
Ҷамолиддин Нуралиев зарурати татбиқи кумаки техникиро дар як самти муайян – тақвият бахшидани устувории суботи молиявӣ, ки самти нав маҳсуб меёбад, ба манфиати кор ва самарабахш арзёбӣ намуд. Шарҳи бахши суботи молиявӣ ҳамчун воситаи калидӣ барои муайян намудани ҷанбаҳои ислоҳот ва мусоидат барои татбиқи онҳо ҷиҳати таҳкими суботи молиявӣ ва пешбурди сиёсати самараноки макропруденсиалӣ, идоракунии хавфҳо, танзим ва назорати бонкӣ имконият фароҳам меорад.
Ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои тақвияти ҳамкории самараноки минбаъда ва идомаи мулоқоту муколама дар доираи лоиҳаи мазкур баҳри рушди низоми бонкии кишвар изҳор намуданд.
АКСҲО: Бонки миллии Тоҷикистон








Қоҳир Расулзода бо вазири федералии энергетикии Покистон Авайс Аҳмад Хан Леғарӣ мулоқот намуд
Ҷаласаи Гурӯҳи кории намояндагони мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор гардид
Дар Душанбе рафти татбиқи лоиҳаҳои муштарак бо Бонки Олмонии рушд баррасӣ гардид
Аҳамияти муҳими «CASA -1000» дар ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ шуд
«Амонатбонк» ҳамкориро бо Бонки кишоварзии Чин тақвият медиҳад
Ҳаракати қатораи мустақими мусофирбар дар масири Душанбе — Москва барқарор карда шуд
Шурои Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ Барномаи шарикии кишварӣ барои Тоҷикистонро қабул намуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.7000 то 10.7772 сомонӣ муқаррар шудааст
Барои ҳаракати нақлиёти боркаши гаронвазн дар роҳҳои мошингард маҳдудият ҷорӣ гардид
Ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникии Тоҷикистон ва Покистон баргузор шуд
Дар ноҳияи Зафаробод ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо оғоз гардид
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар Чилдухтарон форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ баргузор мешавад






