Аз 1 январи соли 2022 сомонаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо тарҳи нав фаъол мешавад
ДУШАНБЕ, 30.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамоии сомонаи расмии Агентӣ таҳти домени «anticorruption.tj» бо тарҳи нав баргузор гардид, ки аз 1 январи соли 2022 мавриди истифода қарор дода мешавад, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ “Ховар”.
Дар маросими рӯнамоӣ роҳбарияти Агентӣ ва кормандони ин ниҳод ҳузур доштанд. Зикр гардид, ки дар замони муосир иттилоот мавқеи хоссаро дар ҳаёти ҷамъиятӣ касб намуда, дар навбати худ фаъолияти мақомоти давлатӣ низ тавассути иттилоотонии ҷомеа амалӣ карда мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар зери таъсири ҷаҳонишавӣ ба равандҳои иттилоотии олам ворид гардида, дар самти ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ корҳои назаррас анҷом додааст.
Муовини Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Аҳмадзода иброз кард, ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат якчанд қонунҳо, барномаҳо ва консепсияҳо қабул гардидаанд, ки дар раванди ташаккули технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии мамлакат марҳилаи сифатан навро оғоз менамоянд.
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақомоти махсус ҷиҳати ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ ва ба ин васила амалӣ намудани сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакат дар ин самт тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намудааст.
Сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Маркази матбуот ва робита бо ҷомеаи Агентӣ Шодком Турсунзода афзуд, ки яке аз манбаъҳои асосии иттилоотонии ҷомеа- ин сомонаи интернетӣ ба ҳисоб рафта, маҳз тавассути он шаффофият дар мақомоти давлатӣ таъмин мегардад. Сомонаи интернетии Агентӣ бо мақсади ҷалби ҳарчӣ бештари ҷомеаи шаҳрвандӣ дар масоили муқовимат бо коррупсия, таъмини шаффофият дар мақомот, иттилоотонии ҷомеа ва ба ин васила паст намудани шиддати коррупсия дар мамлакат заминаи мусоид фароҳам месозад.
“Сомонаи мазкур соли 2011 таъсис шуда, соли 2016 як маротиба тағйир ва манзури хонандагон гардонида шуд. Таҳлилҳо собит менамоянд, ки сомонаи расмии Агентӣ яке аз серхонандатарин сомонаҳои далавтӣ ба ҳисоб рафта, мавриди таваҷҷуҳи ҷомеа, хусусан ВАО-и дохилӣ ва хориҷӣ қарор гирифтааст. Бо мақсади мутобиқ намудан ба талаботи замони муосир, сода ва оммафаҳм намудани манбаи иттилоот дар сомонаи Агентӣ тасмим гирифта шудааст, ки дар арафаи Рӯзи кормандони мақомоти давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 10 январ таҷлил карда мешавад, сомонаи расмӣ дар таҳриру тарҳи нав омода ва мавриди истифода қарор дода шавад”, — гуфт Ш. Турсунзода.
Зикр гардид, ки сомонаи расмии мақомот бо назардошти риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор бо тарҳи нав ва шакли муосир омода карда шудааст ва 1 январи соли 2022 мавриди истифода қарор дода мешавад.
Сипас видеонамоиш оид ба фаъолияти сомона пешкаши иштирокдорон гардида, вобаста ба тартиби кори сомона ва роҳҳои истифодаи он маълумоти мухтасар дода шуд.
АКСҲО: АМИТ “Ховар”










ҚОИДАҲОИ БЕХАТАРӢ АЗ СӮХТОРРО РИОЯ НАМОЕД! Дар Тоҷикистон беш аз 900 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар Тоҷикистон 98 фоиз иҷро гардид
Милитсияи пойтахт дар муассисаҳои таълимӣ 115 ҳолати истеъмоли чилим ва сигорҳои электрониро ошкор намуд
Нисбат ба беш аз 1300 волидайн барои бемасъулиятӣ дар тарбияи фарзанд санади маъмурӣ тартиб дода шуд
Ба ноҳияи Лахш як экскаватор ва як мошини пуриқтидори сӯхторхомӯшкунӣ ворид карда шуд
Мулоқоти Президенти Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ бо Вазири мудофиаи Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода дар Исломобод
Дар Остона Ҷаласаи XXIII Комиссияи байнидавлатии ҳамкории ҳарбӣ-иқтисодии СААД баргузор гардид
Дар Исломобод мулоқоти Вазири мудофиаи Тоҷикистон бо раиси Кумитаи муштараки сардорони ситодҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Покистон баргузор гардид
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар Тоҷикистон қариб 96 фоиз иҷро гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Фархор ва Кӯшониён бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави милитсияи деҳоти Зайнабобод ба истифода дода шуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Самаранокии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз сатҳи дониш, касбият ва забондонии кормандон вобаста аст»






