Ба Маркази вилоятии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сили №2 ва Маркази вилоятии равонпизишкии шаҳри Кӯлоб кумак расонида шуд
ДУШАНБЕ, 30.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо пайравӣ аз амалҳои инсондӯстона ва ҷиҳати иҷро намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар арафаи Соли нави мелодӣ ба бошандагони Маркази вилоятии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сили №2 ва Маркази вилоятии равонпизишкии шаҳри Кӯлоб кумак расонида шуд, хабар доданд аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр.
Кумак аз маводи ғизоӣ, аз ҷумла, орд, равған, гӯшт, биринҷ, пиёз, картошка ва шириниҳо иборат буд.
Амалигардии чунин иқдомҳои хайру савоб сабаби хушҳоливу руҳбаландии масъулину бошандагони Маркази вилоятии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сили №2 ва Маркази вилоятии равонпизишкии шаҳри Кӯлоб гардида, онҳо миннатдории самимии хешро ба роҳбарияти давлату ҳукумат, махсусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин ашхоси саховатпеша баён намуданд.
АКС: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давдатии шаҳри Кӯлоб








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






