Бозии дастаҳои футболи «Хуҷанд» ва «Истиқлол» мусовӣ анҷом ёфт
ДУШАНБЕ, 02.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд бозии мавқуфгузоштаи даври нуҳуми чемпионати Тоҷикистон-2021 миёни дастаҳои футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд ва «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе хеле ҷолиб доир гардида, бо ҳисоби мусовии 0:0 анҷом ёфт, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Пеш аз даври ҷамъбастии Чемпионати Тоҷикистон-2021 миёни дастаҳои Лигаи олӣ ҳанӯз номаълум аст, ки мақоми сеюм ва медалҳои биринҷии мусобиқаро кадом даста соҳиб мешавад. Барои ба даст овардани мақоми сеюм ва ҳаққи иштирок дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2022 дастаҳои футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан ва КМВА-и шаҳри Душанбе имконият доранд. Инчунин як дастаи дигаре, ки ҳамроҳ бо «Душанбе» Лигаи олиро тарк менамояд, номаълум аст. Хавфи аз Лигаи олӣ берун шудан ба дастаҳои футболи «Равшан»-и шаҳри Душанбе, «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд, «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ ва «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ таҳдид менамояд ва яке аз ин чаҳор даста баъди даври охирин Лигаи олиро тарк карда, ба Лигаи якум мегузарад.
Ёдовар мешавем, ки бозиҳои даври охирини чемпионати сиюми ҷашнии Тоҷикистон 5 декабр баргузор хоҳанд шуд.
Чемпионати Тоҷикистон-2021
Нишонзанҳо: Манучехр Ҷалилов («Истиқлол») – 17 гол, Рустам Соиров («Истиқлол») – 15 гол, Илҳомҷон Баротов («Истаравшан») – 13 гол, Дилшод Бозоров («Хуҷанд») – 12 гол, Алишер Ҷалилов («Истиқлол»), Артём Сердюк («Хуҷанд») – 11 голӣ.
Дар даври 27-ум вомехӯранд:
5 декабр (якшанбе)
Оғози бозиҳо – соати 14:00
«Эсхата» – «Равшан»
КМВА – «Хуҷанд»
«Душанбе» – «Истаравшан»
«Файзканд» – «Хатлон»
«Кӯктош» – «Истиқлол»
АКС: ФФТ








Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд






