COVID-19: Дабири кулли СММ даъват кард, ки нагузоранд штамми омикрон дубора ҷаҳонро зер кунад
ДУШАНБЕ, 12.01.2021/АМИТ «Ховар». Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш чунин мешуморад, ки беҳтар аст чораҳои назоратӣ барои паҳншавии штамми омикронии коронавирус пурзӯр карда шаванд, аммо имкон дода нашавад, ки сафарҳои байналмилалӣ ва ҳамкории иқтисодӣ боз қатъ шаванд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба дафтари матбуоти ин созмони ҷаҳонӣ хабар медиҳад, дар ин бора ӯ дар муроҷиатнома, ки рӯзи душанбе, 29 ноябр аз ҷониби котиботаш нашр шуд, ибрози назар намудааст.
«Ман аз ҳукуматҳои тамоми кишварҳо даъват мекунам, ки санҷишҳои иловагии тестиро дар баробари дигар чораҳои имконпазир ва муассир баррасӣ кунанд, то хатари сироятро пешгирӣ намоянд ва бар замми ин ба нигоҳ доштани вазъи иқтисодӣ ва сафар имкон диҳанд»,-гуфта мешавад дар паём.
Гутерриш иброз дошт, ки муҷозот кардани Африқои Ҷанубӣ барои кашфи штамми омикрон ва муҳосираи он нодуруст аст. «Ман амалҳои ҳукумат, олимон ва мутахассисони соҳаи тибби Африқои Ҷанубиро барои амали фаврии онҳо истиқбол мекунам»,- гуфт ӯ.
Дабири кулли СММ таъкид кард, ки бо далели сатҳи пасти эмгузаронӣ штаммҳои нав пайдо мешаванд. «Аммо мардуми Африқоро барои дастрасии бениҳоят пасти ваксинаҳо айбдор кардан мумкин нест ва онҳо барои кашф кардани маълумоти наву зуд паҳн кардани он ба ҷаҳон ҷазо дода намешаванд»- гуфт Гутерриш.
Ҳафтаи гузашта СҶТ штамми B.1.1.529-и коронавируси дар Африқои Ҷанубӣ пайдошударо бо ҳарфи юнонии omicron таъйин кард. Ин навъ дорои шумораи зиёди мутатсияҳо мебошад, ки баъзеи онҳо барои СҶТ ташвишоваранд.
Африқои Ҷанубӣ маркази эпидемияи штамми омикрон аст. Дар Африқои Ҷанубӣ шумораи бештари мубталоён — тақрибан 150 нафар муайян карда шудаанд. Як қатор кишварҳо ҳамчун чораи эҳтиётӣ аз қатъи парвозҳо ба Африқои Ҷанубӣ, Ботсвана, Зимбабве, Малави, Мозамбик, Намибия ва Эсватини хабар доданд.
АКС: news.myseldon.com








Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






