Дар Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон маросими тақдими маводи тиббӣ барои гурезагон ва паноҳандагони афғон баргузор гардид

Декабрь 22, 2021 17:00

ДУШАНБЕ, 22.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 22 декабр, дар  Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) маросими тақдими маводи тиббӣ барои гурезагон ва паноҳандагони афғон дар Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба ҶҲАТ хабар медиҳад.

Маводи тиббӣ фарогири 60 номгӯй дорувориҳо, андитеприсантҳо, маводи дӯхт, сӯзандору бо ҳазмҳои гуногун, бандажҳои эластикӣ, тоскулоҳҳои муҳофизатӣ, маводи муҳофизатӣ аз нурҳои рентгенӣ, маҷмӯъ барои гирифтани хун ва ғайраҳо мебошанд.

Кумаки мазкур аз ҷониби Бунёди амрикоии «Americares» тавассути Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии (ТҶХ) «Авасто» ба ҶҲАТ барои гурезагон ва паноҳандагони афғон дар Тоҷикистон расонида шуда, маблағи умумии он беш аз 1 миллиону 256 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Маводи тиббӣ шурӯъ аз моҳи январи соли 2022 аз ҷониби ҶҲАТ ба беморхонаҳои марбута тақсим карда мешаванд.

Дар маросими тақдими маводи тиббӣ муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ),  Сафири некӯирода оид ба саратони ғадуди ширӣ Хайринисо Юсуфӣ, Котиби генералии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон Баҳодур Қурбониён, Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар, муовини Раиси ТҶХ «Авасто» Ҳилола Қаҳҳорова, намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, воситаҳои ахбори омма ва кормандони ҶҲАТ иштирок намуданд.

Муовини Раиси ҲХДТ, Сафири некӯирода оид ба саратони ғадуди ширӣ Хайринисо Юсуфӣ дар бораи робитаҳои ногусастанӣ, қаробат ва фарҳангу забони мардуми тоҷику афғон сухан гуфта, роҳандозии ин иқдомро дар партави Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ саривақтӣ ва сазовори таҳсин хонд.

Зеро, ба гуфтаи Х. Юсуфӣ, дирӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки дар доираи имкон барои расонидани кумаки башардӯстона ба мардуми бародари Афғонистон чораҷӯӣ намояд.

«Иқдомҳое, ки ҶҲАТ дар самти дастгирии табақаҳои ниёзманд, аз ҷумла гурезагону паноҳандагон мекунад, нишона аз пуштибонӣ ва пайравӣ ба сиёсати пешгирифтаи Роҳбарияти олии Ҳукумат, аз ҷумла Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад», — гуфт ӯ.

Котиби генералии ҶҲАТ Баҳодур Қурбониён тазаккур дод, ки масъалаи Афғонистон ва кумак ба гурезагону паноҳандагони афғон дар мадди таваҷҷуҳи Роҳбарияти олии Тоҷикистон, хосатан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Баҳодур Қурбониён аз ҷумла зикр намуд, ки Президенти мамлакат дар Паёми навбатии худ ба Маҷдиси Олӣ, ки 21 декабри соли 2021 ироа гардид, ба ин масъала махсус таваҷҷуҳ зоҳир карда, чунин иброз доштанд: «Имрӯз Афғонистон, мутаассифона, гирифтори буҳрони амиқи сиёсӣ ва гуманитарӣ мебошад, ки метавонад оқибатҳои ҷиддии дарозмуддат ба бор оварад. Дар робита ба ин, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мардуми азияткашидаи Афғонистон расонидани кумакҳои башарии мақсаднокро амри зарурӣ медонем».

Котиби генералии ҶҲАТ дар идома ба ТҶХ «Авасто» барои кумаки мазкур изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки минбаъд низ дар ҳамкорӣ бо шарикон амалӣ намудани чунин иқдомҳоро идома хоҳанд дод.

Сафири Афғонистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҶҲАТ барои таваҷҷуҳ ва кумак ба гурезагону паноҳандагони афғон дар Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуд.

Дар идома Сафири Афғонистон тазаккур дод, ки мардуми тоҷик бояд хушҳол бошанд, ки Ҷаноби Олӣ, Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин шароити мусоид фароҳам овардаанд.

АКСҲО: Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон

Декабрь 22, 2021 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Пагоҳ дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт»: «Ҳангоми харид ва истифодаи маҳсулоти консервашуда бо диққат бошед!»
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Дар рӯзҳои зимистон чӣ гуна худро аз сармо эмин нигоҳ дорем?
Ба занону духтарони ноҳияи Рашт татбиқи стратегияҳои миллӣ фаҳмонида мешавад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи нодурусти ангишт метавонад боиси заҳролудшавии инсон гардад
Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова бо якчанд коллеҷҳои шаҳри Жичжаои Чин ҳамкорӣ менамояд
БАРОИ ГИРИФТОР НАШУДАН БА БЕМОРИҲОИ МАВСИМӢ ЧӢ БОЯД КАРД? Пеш аз ҳама, риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ муҳим аст
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Парҳез беҳтарин роҳи пешгирии бемории диабети қанд мебошад
То 1 апрел лоиҳаи «Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
Дар Тоҷикистон аз соли 2020 то 2026 андозаи нафақаи миёнаи шаҳрвандон 60 фоиз зиёд гардидааст
ОГОҲӢ. 16-17 январ дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 8-10 дараҷа паст мешавад