Дар арафаи Соли нав ба оилаҳои ниёзманд, маъюбон ва беморони ноҳияи Фирдавсӣ кумак расонида шуд
ДУШАНБЕ, 31.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар ҳамбастагӣ бо вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳиявию шаҳрӣ, инчунин бо ҳиммати соҳибкорони саховатпеша ба якчанд оилаҳои ниёзманд ва дорои афроди маъюб ва бемори ноҳияи Фирдавсӣ кумак расонида шуд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ.
Аз ҷониби вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Амирхон Қурбонзода, Маҳбуба Камолова, Нуршед Машрабов ва Абдураҳмон Машрабов ба 130 оила маҳсулоти хӯрокӣ, аз қабили орд, равған, биринҷ, шакар, макарон, картошка ва пиёз тақдим гардид.
Мавриди зикр аст, ки ёрӣ расонидан ба оилаҳои ниёзманд, нафарони бепарастор ва ятиму барҷомонда амали шоистаи инсонист. Чунин дастгириҳои эҳтиёҷмандон мавсимӣ набуда, минбаъд низ аз ҷониби вакилони мардумӣ ба роҳ монда мешавад.
АКС: КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






