Дар ДМТ бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон Конфронси ҷумҳуриявии илмию назариявӣ баргузор шуд

Декабрь 7, 2021 11:23

ДУШАНБЕ, 07.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  бахшида ба таҷлили Рӯзи ҳуқуқи инсон дар мавзӯи «Ҳуқуқи инсон дар раванди ҷаҳонишавӣ» Конфронси ҷумҳуриявии илмию назариявӣ баргузор гардид, хабар медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Конфронси мазкур бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир  шуда, дар кори он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони мақомоти судӣ, прократура, намояндагони вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, олимони маъруфи ватаниву хориҷӣ, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, инчунин устодону кормандони факултети ҳуқуқшиносӣ иштирок намуданд.

Декани факултети ҳуқуқшиносии ДМТ Раҳмон Дилшод нақш ва мавқеи Эъломияи умумии ҳуқуқи башарро дар инкишофи қонунгузории байналмилалӣ ва миллӣ дар самти ҳуқуқи инсон баланд арзёбӣ намуда, гуфт, ки “Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон ба дастовардҳои беназир ноил гардидааст. Дар ин кор саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст. Таъсиси мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ва дигар сохторҳое, ки бевосита ба ҳуқуқи инсон сару кор доранд, самараи ташаббусҳои Пешвои миллат дар бахши таҳкими мақому манзалати инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ҳар фард мебошанд. Бинобар ҳамин баргузории конфронси мазкурро метавон идомаи сиёсати давлатии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳуқуқи инсон унвон кард”.

Зикр шуд, ки баргузории чунин ҳамоишҳои сатҳи баланди илмӣ дар инкишофи низоми ҳуқуқии кишвар ва боло бурдани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ нақши бориз мегузорад. Мавсуф нақш ва мавқеи миллати тоҷикро дар масири таърих дар роҳи шинохти ҳуқуқи инсон ва эҳтиром гузоштан ба он бисёр баланд арзёбӣ намуд. Гуфта шуд, ки Эъломияи Куруши Кабир бори нахуст ҳуқуқи инсонро дар таърихи башарият муайян намуда, минбаъд баҳри қабул намудани санадҳои дигар дар самти ҳуқуқи инсон заминаи асосӣ гузоштааст.

Сипас, дар ҷаласаи пленарии ҳамоиш зиёда аз 19 маърӯза дар мавзӯъҳои гуногуни ҳуқуқӣ, ба мисли дурнамои рушди ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, озодӣ ва ҳуқуқи инсон, инкишофи технологияҳои муосир ва баъзе масъалаҳои амалишавии ҳуқуқҳои корпоративӣ, ҳуқуқи инисон дар афкори башар ва ғайра пешниҳод ва мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Иштирокчиён баргузории чунин ҳамоиши сатҳи баландро нишони Ваҳдати миллӣ, тинҷиву амонӣ ва самараи Истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки арзиши олӣ эълон шудани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ маҳз самараи даврони соҳибихтиёрист.

Аз ҷониби меҳмонон изҳори боварӣ карда шуд, ки конфронси мазкур дар баланд бардоштани сатҳи донишҳои ҳуқуқии мутахассисони соҳа, иникишофи соҳаҳои гуногуни ҳуқуқ ва таҳкими қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нақши арзанда хоҳад гузошт. Иштирокчиён иброз доштанд, ки новобаста аз гуногунии миллату халқият, дину мазҳаб, ранги пӯст ва дигар аломатҳои иҷтимоӣ воситае, ки сокинони сайёраро ба ҳам мепайвандад, ҳуқуқи инсон аст.

Конфронси ҷумҳуриявӣ давоми рӯз идома ёфта,  кори худро дар 3 бахш ба роҳ мемонад. Дар он зиёда аз 60 маърӯза бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дар шакли бевосита ва ғоибона баррасӣ карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 10 декабр дар саросари ҷаҳон Рӯзи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон таҷлил карда мешавад. Маҳз дар ҳамин рӯзи соли 1948 дар шаҳри Парижи Фаронса аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ Эъломияи умумии ҳуқуқи башар қабул гардидааст. Мақсади таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон- ин ба ҷомеа ва ҳар фард расонидани аҳамияти эҳтиром ва риояи ҳуқуқи инсон, нақши ҳуқуқи инсон дар таҳкиму рушди ҷомеа ва ҳаёти ҳар фард мебошад.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Декабрь 7, 2021 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Роҳбарзанони Узбекистон бо табиати зебои шаҳри Норак шинос шуданд
Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид
Дар Душанбе бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар доираи Ҳафтаи илм оид ба мероси уран дар Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор гардид
Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб ба алоқамандони синамо филми ҳунарии «Таҳаввулот» намоиш дода шуд