Дар Душанбе ду корхонаи саноатии истеҳсолӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 8.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 декабр дар шаҳри Душанбе ду корхонаи нави саноатии истеҳсолӣ ба истифода дода шуд, иттилоъ доданд аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар».
Аз ҷумла, дар минтақаи саноатии шаҳри Душанбе бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилшод Одиназода ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур корхонаи истеҳсоли чароғпояҳои светадиодӣ ва лампаҳо мавриди истифода қарор дода шуд. Дар корхонаи навтаъсис зиёда аз 45 ҷойи кори нав муҳайё карда шуда, кормандон пеш аз оғози кор ба курсҳои кӯтоҳмуддати тахассусӣ ҷалб гардидаанд. Зимни ифтитоҳи корхона масъулин иттилоъ доданд, ки маводи хом ба корхона аз Федератсияи Русия ворид гардида, банду баст карда мешавад. Дар корхонаи мазкур зиёда аз 27 намуд лампаҳо истеҳсол карда мешаванд.
Инчунин дар ин рӯз бо иштироки масъулин дар минтақаи саноатии пойтахт Корхонаи саноатии истеҳсолии қуттиҳои коғазӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Зикр шуд, ки технологияи муосири корхона аз хориҷи кишвар ворид гардида, дар он кормандон ва мутахассисони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин карда шуданд. Дар ҳудуди корхона зиёда аз 6 намуди техникаи замонавӣ насб гардида, корхона ба истеҳсоли зиёда аз 30 намуд қуттиҳои коғазӣ машғул мебошад.
Тавре иттилоъ дода шуд, имкони истеҳсоли моҳонаи корхона қариб 1,5 миллион адад қуттӣ буда, корхона имкон дорад истеҳсолро дар доираи фармоиши мизоҷ ба роҳ монад. Корхонаи саноатии истеҳсоли қуттиҳои коғазӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Пулотов» бунёд карда шуда, масоҳати умумии иншоот 2700 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
АКСҲО: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш. Душанбе










Дар Форуми дуюми байналмилалии сармоягузории Озарбойҷон имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд
Ҷалби сармояи Британияи Кабир ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар ҷаласаи Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоӣ рушди ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ баррасӣ шуд
Дар Урумчӣ масъалаҳои тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Синзян баррасӣ шуданд
Дар Душанбе масъалаҳои идоракунии муосири таваккал дар фаъолияти гумрукӣ баррасӣ шуданд
Масоили табодули таҷриба ва омӯзиши мутахассисони тоҷик дар озмоишгоҳҳои Институти байтории Италия баррасӣ гардид
Байни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Русия Протокол ба имзо расонида шуд
Дар Минск масъалаҳои рушди ҳамкории геологӣ дар доираи ИДМ баррасӣ гардиданд
Дар вилояти Суғд ҳар сол қариб дар 35 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронида мешавад
Густариши робитаҳои мустақими соҳибкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид
Рушди робитаҳои тиҷоратию сармоягузории бахши хусусӣ байни Тоҷикистон ва Чин баррасӣ карда шуд
Дурнамои ҳамкорӣ байни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Полша баррасӣ гардид






