Дар Душанбе Форуми ҳамкорӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ доир шуд

Декабрь 16, 2021 15:33

ДУШАНБЕ, 16.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ибтикори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Хазинаи кӯдакони СММ дар шаҳри Душанбе Форуми ҳамкорӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони вазорату идораҳо, шарикони рушд, ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, сафоратҳои давлатҳои хориҷӣ, воситаҳои ахбори оммаи дохил ва хориҷи кишвар ширкат намуданд. Ҳамчунин коршиносон аз хориҷи кишвар тариқи фосилавӣ маъруза иро намуданд.

Форуми мазкур аз қисми ифтитоҳӣ, муҳокимаронӣ ва ҷаласаи «мизи мудаввар» иборат буда, дар он масъалаҳои ислоҳоти соҳаҳои фаъолияти вазорат, аз ҷумла, таҳсилоти ибтидоии касбӣ, шуғли пурмаҳсул, муҳоҷират, таълими калонсолон, инчунин таъсиси платформаи ягона барои ҳамкории зич бо созмонҳои байналмилалӣ, шарикони рушд ва донорҳо, инчунин таҳияи харитаи роҳи муштарак оид ба беҳтар намудани сармоягузорӣ дар самтҳои фаъолияти вазорат баррасӣ гардид.

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода зимни ифтитоҳи Форум зикр намуд, ки «ҷумҳурии мо мушкилоти мураккаби иҷтимоиву иқтисодиро паси сар карда, имрӯз ба марҳилаи сифатан нави рушди босуръат ва устувор ворид шуд. Айни замон яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати мамлакат — татбиқи амалии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва дигар барномаву ҳуҷҷатҳои консептуалие, ки дар доираи ин стратегия қабул гардидаанд, ба ҳисоб мераванд».

Зикр шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи рушд қарор дорад. Дар натиҷаи саъю кӯшишҳои муштараки Ҳукумат ва донорҳо дар самтҳои асосии стратегӣ комёбиҳои муайян ба даст оварда шуда, самара дода истодаанд.

Тибқи  натиҷаҳои тадқиқоти буҷети хонаводаҳо, ки аз ҷониби Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шудааст, сатҳи камбизоатӣ аз 83 дарсади соли 1999 то ба 26,3 дарсад дар соли 2020  коҳиш ёфтааст.

Паст шудани сатҳи камбизоатӣ ва сатҳи ниҳоии камбизоатӣ дар ин солҳо ба рушди иқтисодӣ вобаста буда, дар натиҷаи таъмини суботи макроиқтисодӣ, суботи иҷтимоию сиёсии кишвар ба даст омад.

Яке аз самтҳои муҳими фаолияти вазорат ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар самти ҷалби захираҳои иловагӣ ва сармоягузорӣ ба соҳаҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ мебошад.

Ширин Амонзода зикр кард, ки мувофиқи маълумоти оморӣ, соли 2020 теъдоди аҳолии машғули кор дар ҷумҳурӣ ба 2 млн 560 ҳазор нафар расида, тамоюли афзоиши он нисбат ба панҷ соли гузашта 5 фоизро ташкил медиҳад. Ҳиссаи бештари аҳолии дар бахши воқеӣ машғули кори ҷумҳурӣ ба соҳаи кишоварзӣ, сохтмон, саноати истихроҷ ва коркард рост меояд, ки танзими меъёри шароити меҳнат, назорати роиояи қоидаҳои он, аз ҷумла пардохти саривақтӣ ва пурраи музди меҳнати онҳо рисолати асосии вазорат ва сохторҳои он мебошад.

Мавсуф иброз намуд, ки яке аз ҳадафҳои дигари вазорат- ин рақамикунонӣ мебошад. Рақамикунонӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ва зарурӣ дониста мешавад, зеро гузариш ба рақамикунонӣ барои танзими дурусти муносибатҳои меҳнат, таҳлили вазъ ва дар маҷмуъ барои мониторинг ва идораи меҳнат дар кишвар имкон фароҳам меорад.

Вазири  рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода зикр дошт, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, хосатан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди иқтисоди миллӣ яке аз самтҳои афзалиятнок шуморида шуда, ба он таваҷҷуҳи бештар равона мешавад. Барои гузариш ба иқтисоди рақамикунонӣ кадрҳои баландихтисос заруранд.

Намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ — ЮНИСЕФ  дар Тоҷикистон Осама Маккави зикр намуд, ки бемории коронавирус ба иқтисоди кишварҳои ҷаҳон таъсир расонида, рушди бархеи онҳоро то 10 соли дигар ба қафо партофт. Имрӯз тавассути иқтисоди рақамӣ мо метавонем ҷойҳои кориро бештар намуда, сатҳи камбизоатиро коҳиш диҳем. Барои расидан ба иқтисоди сабз бояд тамоми сохторҳо рақамӣ кунонида шаванд. Барои ин кадрҳои лаёқатманд, забондон ва донандаи ихтисосҳои ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир зарур аст. Аз ин рӯ ЮНИСЕФ барои амалӣ гардонидани ин мақсадҳо ташаббусҳои бештареро дар Тоҷикистон амалӣ намудааст.

Дар фарҷоми Форум аз ҷониби иштирокдорон доир ба ислоҳот ва рушди минбаъдаи соҳаи меҳнат, мҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, афзалияти ислоҳоти он ва  зарурати татбиқи усулҳои муосири идоракунии соҳа тавсияҳо қабул карда шуданд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
Мақсудҷон МУҲИДДИНҶОН,

АМИТ «Ховар»

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Декабрь 16, 2021 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад