Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба беҳтаринҳо дар соҳаи кор бо ҷавонон дар соли 2021 доир мегардад

Декабрь 27, 2021 08:36

 ДУШАНБЕ, 27.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. 5 январи соли 2022 бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон дар соли 2021 аз рӯйи 12 номина ва қадрдонии ғолибони озмунҳои эълоннамудаи Кумита дар соли 2021  баргузор мегардад, иттилоъ дод мудири бахши таҳлил ва иттилооти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилошуб  Розиқзода.

Дар маросими ҷамъбасти соҳаи кор бо ҷавонон ҷиҳати қадршиносии хизматҳои шоиста ва ҷавонмардии ҷавонон дар назди ҷомеа ва давлат, ҷасорату фидокорӣ дар вазъияти ҷангӣ, ҳолатҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллату давлат ва адои қарзи ҳарбӣ ва хизматию шаҳрвандӣ барои дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон ҷоизаи «Шуҷоат ва ҷавонмардӣ» таъсис дода шудааст, ки имсол аз миёни беш аз 42 нафар довталабон 12 нафар беҳтаринҳо аз ҷониби комиссияи босалоҳият муайян шуда, ин ҷоиза дар фазои тантанавӣ ба онҳо супорида мешавад.

Соли равон аз ҷониби Кумита озмун барои дарёфти Ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар самти адабиёт, санъат, меъморӣ, рӯзноманигорӣ, барномасозӣ, техника, технология ва  инноватсия ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Аз миёни 40 нафар довталабон 20 нафар беҳтаринҳо муайян ва ғолибон дар маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон қадрдонӣ мегарданд.

Инчунин дар маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон қадрдонии 87 нафари дигар аз рӯи номинаҳои «Беҳтарин сохтори соҳаи кор бо ҷавонон дар соли 2021», «Беҳтарин мудири бахши кор бо ҷавонон», «Беҳтарин муассисаи тарғиботӣ дар самти кор бо ҷавонон», «Беҳтарин маркази ҷавонон», «Беҳтарин корманди соҳаи кор бо ҷавонон», «Беҳтарин ташкилоти ҷамъиятии кор бо ҷавонон», «Беҳтарин тарғибгари соҳаи кор бо ҷавонон», «30 ҷавонони муваффақ дар соли 2021» ва «Беҳтарин волонтёри соли 2021»  дар назар дошта шудааст.

Ҳамасола аз ҷониби Кумита озмун барои дарёфти стипендияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ доир гардида, 18 нафар беҳтаринҳо тибқи квотаи муқарраргардида аз рӯйи минтақаҳо ғолиб муайян гардида, давоми 9 моҳи соли хониш бо идрорпулӣ қадрдонӣ карда мешаванд. Ғолибони озмуни мазкур низ дар маросими ҷамъбасти соҳаи кор бо ҷавонон қадрдонӣ карда мешаванд.

Дар маросим ҳамчунин барномаи фарҳангӣ бо иштироки як гурӯҳ сарояндаҳои машҳури кишвар пешбинӣ гардидааст.

 

АКС аз бойгонӣ

Декабрь 27, 2021 08:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Имрӯз дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаи Афғонистон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол моҳҳои сентябр ва октябр дар сафар се бозии дӯстона баргузор мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 31 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
ФУТБОЛ. 31 август марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни мунтахабҳои ҷавонони то 20-сола оғоз мешавад
Сармураббии нави дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таъйин гардид
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол бозии дуюми санҷиширо бо дастаи Лубнон мусовӣ анҷом дод