Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба беҳтаринҳо дар соҳаи кор бо ҷавонон дар соли 2021 доир мегардад
ДУШАНБЕ, 27.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. 5 январи соли 2022 бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон дар соли 2021 аз рӯйи 12 номина ва қадрдонии ғолибони озмунҳои эълоннамудаи Кумита дар соли 2021 баргузор мегардад, иттилоъ дод мудири бахши таҳлил ва иттилооти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилошуб Розиқзода.
Дар маросими ҷамъбасти соҳаи кор бо ҷавонон ҷиҳати қадршиносии хизматҳои шоиста ва ҷавонмардии ҷавонон дар назди ҷомеа ва давлат, ҷасорату фидокорӣ дар вазъияти ҷангӣ, ҳолатҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллату давлат ва адои қарзи ҳарбӣ ва хизматию шаҳрвандӣ барои дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон ҷоизаи «Шуҷоат ва ҷавонмардӣ» таъсис дода шудааст, ки имсол аз миёни беш аз 42 нафар довталабон 12 нафар беҳтаринҳо аз ҷониби комиссияи босалоҳият муайян шуда, ин ҷоиза дар фазои тантанавӣ ба онҳо супорида мешавад.
Соли равон аз ҷониби Кумита озмун барои дарёфти Ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар самти адабиёт, санъат, меъморӣ, рӯзноманигорӣ, барномасозӣ, техника, технология ва инноватсия ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Аз миёни 40 нафар довталабон 20 нафар беҳтаринҳо муайян ва ғолибон дар маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон қадрдонӣ мегарданд.
Инчунин дар маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон қадрдонии 87 нафари дигар аз рӯи номинаҳои «Беҳтарин сохтори соҳаи кор бо ҷавонон дар соли 2021», «Беҳтарин мудири бахши кор бо ҷавонон», «Беҳтарин муассисаи тарғиботӣ дар самти кор бо ҷавонон», «Беҳтарин маркази ҷавонон», «Беҳтарин корманди соҳаи кор бо ҷавонон», «Беҳтарин ташкилоти ҷамъиятии кор бо ҷавонон», «Беҳтарин тарғибгари соҳаи кор бо ҷавонон», «30 ҷавонони муваффақ дар соли 2021» ва «Беҳтарин волонтёри соли 2021» дар назар дошта шудааст.
Ҳамасола аз ҷониби Кумита озмун барои дарёфти стипендияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ доир гардида, 18 нафар беҳтаринҳо тибқи квотаи муқарраргардида аз рӯйи минтақаҳо ғолиб муайян гардида, давоми 9 моҳи соли хониш бо идрорпулӣ қадрдонӣ карда мешаванд. Ғолибони озмуни мазкур низ дар маросими ҷамъбасти соҳаи кор бо ҷавонон қадрдонӣ карда мешаванд.
Дар маросим ҳамчунин барномаи фарҳангӣ бо иштироки як гурӯҳ сарояндаҳои машҳури кишвар пешбинӣ гардидааст.
АКС аз бойгонӣ








Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд






