Дар Душанбе вазъи маводи мухаддир дар Афғонистон ва минтақа баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 09.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Вазъи маводи мухаддир дар Афғонистон ва минтақа имрӯз зимни мулоқоти Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода бо муовини Сафири Фавқулода ва Мухтори ИМА дар Тоҷикистон Бридҷит Уокер баррасӣ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Агентӣ.
Зимни мулоқот директори Агентӣ оид ба вазъи маводи нашъаовар дар Тоҷикистон, дастовардҳои кишвар ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат дар ин самт ба Бридҷит Уокер маълумот дод.
Ҷонибҳо ҳамчунин вазъи маводи мухаддир дар Афғонистон ва минтақа, интиқол ва қочоқи онро тавассути сарҳади давлатӣ, дастгирии молиявӣ ва моддӣ-техникии Ҳукумати ИМА-ро ба Агентӣ ва ҳамчунин таъсиси шуъбаҳои нави байниноҳиявии Агентиро дар минтақаҳои наздисарҳадии вилояти Хатлон мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар идомаи мулоқот Ҳабибулло Воҳидзода аз сатҳи хуби ҳамкории судманд дар самти назорати маводи нашъаовар, бахусус баррасии маблағгузории такмили ихтисоси кормандони Агентӣ изҳори сипосу қаноатмандӣ намуд.
Дар анҷоми мулоқот Бридҷит Уокер аз фаъолияти сагҳои хизматии Агентӣ ва намоиши машқҳои ҳарбӣ-тактикӣ дидан намуда, дар сӯзонидан ва нобуд кардани маводи нашъаовар иштирок намуд.
АКСҲО: Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ











Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид






