Дар Хатлон ба ифтихори таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир мегардад

Декабрь 8, 2021 11:43

ДУШАНБЕ, 08.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. 9-10 декабр бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон  ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад, хабар доданд аз шуъбаи иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар».

Ҳамоиши идона бо иштироки доираи васеъ, аз ҷумла аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони сохторҳои ҲХДТ аз ВМКБ, Суғд,  ноҳияҳои тобеи  ҷумҳурӣ ва  шаҳри Душанбе, аъзои фаъоли  ҳизб,  олимону шоирон доир мегардад. Дар доираи ҳамоиш, ки ба   30-солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида мешавад, ҳайати меҳмонону иштирокчиён   аз мавзеъҳои зебои таърихиву сайёҳӣ ва якчанд иншооти навбунёди шаҳру ноҳияҳои Восеъ, Кӯлоб, Муъминобод, Ховалинг, Балҷувон ва Темурмалики вилояти Хатлон боздид мекунанд.

Дар доираи сафар ҳайати меҳмонон дар ноҳияи Восеъ аз Қалъаи Ҳулбук, Ҳавзи Қайнар ва Маҷмааи “Сайёҳӣ”,  дар ноҳияи Муъминобод аз Оромгоҳи Шоҳи Хомӯш, ҶДММ “Тоҷвайн”, боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳия ва мавзеи сайёҳии “Чилдухтарон», дар шаҳри Кӯлоб аз намоишгоҳи “Чакан”, Осорхонаи 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ,  дар ноҳияи Ховалинг аз Осорхонаи “Восеъ”-и Дараи Мухтор, маҷмааи «Чилчанор» ва мақбараи ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ, дар ноҳияи Балҷувон аз осорхонаи «Мири Балҷувон», дар Ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик аз корхонаҳои истеҳсолии «Пойафзоли Кангурт», «Мебел» ва Кохи фарҳанги ноҳия  дидан менамоянд.

Дар рӯзи дуюми ҳамоиш дар ноҳияи Темурмалик Конференсияи ҷумҳуриявии «Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ» баргузор мегардад. Дар ҳошияи он барномаи фарҳангӣ пешниҳоди меҳмонон гардонида мешавад.

                                                                        АКС: КИ ХХДТ дар вилояти Хатлон

Декабрь 8, 2021 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд