Дар Кӯлоб ҷаҳонишавии «Фалак»-ро бо тантана ҷашн мегиранд
ДУШАНБЕ, 24.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 24 декабр соати 15:00 дар Қасри фарҳангии шаҳри Кӯлоб бахшида ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият расман ворид шудани номинаи «Фалак» ва рӯнамоии китоби Ҷонибеки Асрориён таҳти унвони «Фалак сайри таърихӣ ва тасвири фарҳангшиносӣ» маъракаи идонаи фарҳангӣ баргузор мегардад, хабар доданд ба АМИТ “Ховар” аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб.
Ҷамъомади мазкур бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ташкил гардида, дар он олимону донишмандони санъати «Фалак» ва фалаксароён аз шаҳру минтақаҳои гуногуни кишвар иштирок хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки 15 декабри соли 2021 дар ҷаласаи 16-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО дар шаҳри Париж (тариқи онлайн) баргузор гардид) номинаи «Фалак» ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият расман ворид гардид. Дар соли таърихии мамлакат – ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ пазируфта шудани боз як ибтикор ва ташаббуси дурандешона, хирадмандона ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, махсусан, ташкилоти Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ЮНЕСКО) беҳтарин туҳфа ва хушхабар барои мардуми шарифи Тоҷикистон гардид.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






