Дар Кӯлоб Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини дзюдо миёни наврасон оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 14.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 декабр дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба намуди гӯштини дзюдо миёни наврасони солҳои таваллуди 2005-2007 баргузор гардид, хабар доданд аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон.
Дар оғози мусобиқа зикр гардид, ки тадбири мазкур тибқи нақшаи тақвимии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон дар маҷмааи варзишии шаҳри Кӯлоб баргузор шуда, чеҳраҳои нави ин намуди варзиш дарёфт ва ба мусобиқаҳои байналмилалӣ сафарбар карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки дар ин мусобиқа паҳлавонони наврас аз тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон, аз ҷумла ду даста аз вилояти Хатлон, дудастаӣ аз вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе, якдастаӣ аз ВМКБ, ШНТМ ва минтақаи Рашт ширкат доранд. Дар рӯзи аввали мусобиқа варзишгарони вазнҳои поёнӣ бо ҳам қуваозмоӣ карда, ғолибон муайян шуданд.
Мавриди зикр аст, ки баргузории чунин мусобиқаҳо имкон фароҳам меоварад, ки беҳтарин чеҳраҳои наврас дар ин риштаи варзиш муайян ва барои иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ба машқҳои дастҷамъии Федератсияи дзюдои Тоҷикистон сафарбар карда шаванд. Худи мураббиён низ изҳор доштанд, ки иштироки бобарори дастаи паҳлавонони навраси мамлакат дар мусобиқаҳои осиёӣ натиҷаи чунин мусобиқаҳо ва дастгирии кумита ва федератсияҳои дахлдор мебошад.
Ин тадбири варзишӣ ба хотири баланд бардоштани маҳорати варзишии наврасон, дарёфти чеҳраҳои нави ин риштаи гӯштин ва мукаммал гардонидани дастаи мунтахаби наврасон ташкилу роҳандозӣ гардидааст.
Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба намуди гӯштини дзюдо миёни наврасони солҳои таваллуди 2005-2007 то 15 декабр идома ёфта, ғолибон ва ҷоизадорони он аз ҷониби масъулини бахши кор бо ҷавонон ва варзиши минтақаи Кӯлоб бо медалу ифтихорномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши мамлакат сарфароз гардонида мешаванд.
АКС аз манбаъҳои боз








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






