Дар Конфронси осиёии коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар соли 2021 дастовардҳои Тоҷикистон зикр шуданд

Декабрь 16, 2021 14:31

ДУШАНБЕ, 16.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода аз 14 то 16 декабр ба таври онлайн дар кори Конфронси осиёии коҳиши хатари  офатҳои табиӣ дар соли 2021(ACDR-2021) ширкат намуд. Ҳамраиси ин конфронс Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ.

Конфронс аз маросими ифтитоҳ, ҷаласаи сатҳи баланди роҳбарони кумитаҳо ва се ҷаласа иборат буда, масъалаҳои зерин дар он баррасӣ шуданд: коркарди технологияи коҳиши хатари офатҳо, ки ба эҳтиёҷоти маҳаллӣ барои эҷоди ҷомеаи бехатар, амн ва қобили зиндагӣ ҷавобгӯ мебошанд; баланд бардоштани омодагӣ ба офатҳои табиӣ: маълумотнокӣ ва огоҳӣ, баланд бардоштани дастгирии паст кардани хатари офатҳои табиӣ;  сармоягузорӣ ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ барои ҷомеаи устувор.

Дар конфронс ҳамчунин намояндагони Арманистон, Ветнам, Индонезия, Шри-Ланка, Муғулистон, Сингапур, Таиланд, Филиппин, Кореяи Ҷанубӣ, Туркия, Ҷопон, якчанд созмонҳои байналмилалӣ ва доираҳои илмӣ ширкат ва суханронӣ карданд.

Дар маросими ифтитоҳи конфронс Раиси КҲФ, генерал-полковник Рустам Назарзода сухан гуфта,  дар бораи дастовардҳои кишвар дар татбиқи Барномаи қолабии Сендай ва Стратегияи миллии коҳиши хатари офатҳо дар солҳои 2019-2030, ҷараёни иҷрои лоиҳаҳо ва барномаҳое, ки ташкилоти байналмилалӣ ва сармоягузорони хориҷӣ маблағгузорӣ мекунанд, ба иштирокчиён маълумот дод

Дар ҷаласаи сатҳи баланд сарвари Кумита дар бораи дастовардҳои Тоҷикистон дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ изҳори назар намуд. Вай ба иштирокчиёни конфронс аз дастовардҳои кишвари мо дар татбиқи Барномаи қолабии Сендай ва Стратегияи миллии коҳиши хатари офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030, аз ҷараёни татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳое, ки аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои донор маблағгузорӣ мешаванд, маълумот дод.

Ҳамчунин дар ҷаласа дар сатҳи баланд раиси Кумита оид ба дастовардҳои Тоҷикистон дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ маърӯза намуд.

Раиси Кумита зикр кард, ки «бо мақсади ноил шудан ба афзалияти асосии Барномаи қолабии Сендай ва Стратегияи миллӣ дар Тоҷикистон якчанд лоиҳаҳои бузурги байналмилалӣ дар соҳаи идоракунии хавфи офатҳои табиӣ бомуваффақият амалӣ карда мешаванд. Аз ҷумла, лоиҳаи Бонки ҷаҳонӣ оид ба сохтмони бинои нави муосири назорати марказӣ, лоиҳаи Бонки Осиёии Рушд оид ба таҳкими иқтидори хадамоти зидди жола – насби радари нави “Доплер” зидди жола, тавсеаи системаи огоҳсозии бармаҳал ва назорати кӯли Сарез, лоиҳаи САҲА бо дастгирии молиявии Иттиҳодияи Аврупо оид ба сохтмони Маркази миллии омодасозии наҷотдиҳандагон ба рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ нигаронида шудааст”.

 

АКСҲО: КҲФ ва МГ

Декабрь 16, 2021 14:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд