Дар Маҷлиси намояндагон оид ба мавзӯи фаъолияти бехатар бо организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашуда ҳамоиш доир шуд

Декабрь 27, 2021 16:02

ДУШАНБЕ, 27.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим    дар мавзӯи «Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бехатар бо организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашуда» ҳамоиш баргузор гардид.

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ҳамоиш бо  иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон,  олимону коршиносони шинохтаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон доир гардид.

Аз рӯи масъалаи мазкур раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои  аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода ва вакили Маҷлиси намояндагон Мирзоанвар Ахмедов иброз намуданд, ки ҳоло дар бисёр давлатҳо, аз ҷумла дар Тоҷикистон  мафҳуми «организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашуда» ба мафҳуми «маҳсулоти дигаргуншуда», ки истеъмоли он боиси дар организм ба вуҷуд омадани тағйирот ва касалиҳо мегардад, табдил ёфтааст. Организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашударо аз ҳар тараф ва бо ҳар баҳона ҳамчун маҳсулоти зараровар ва бемазза арзёбӣ  намуда, нишон доданӣ мешаванд, ки он ба амнияти озуқаворӣ кишвар таҳдид хоҳад кард. Организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашуда организмҳои зиндаи бо усулҳои инженерияи  генӣ таркиби наслии онҳо дигаргун кардашуда мебошанд. Ба ибораи дигар, ин маҳсулотест, ки барои истеҳсоли онҳо ашёи дар сатҳи генӣ мукаммал кардашуда истифода гардидааст. Масалан, нони гандумии ба тағйирёбии ҳарорати ҳаво устувор. Бештар организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашуда барои растаниҳо хос мебошанд.

Пештар селексионерон, мисли Мичурин барои ба даст овардани хусусиятҳои манфиатовари растаниҳо аз пайвандкунӣ қаламчаи як намуди дарахт ба намуди дигар (масалан, себ ба нок), ё интихоби тухмӣ бо сифатҳои муайян барои гузаронидани кишт истифода менамуданд. Натиҷаи ин таҷрибаҳоро онҳо солҳои зиёд интизор мешуданд. Холо инженерияи генӣ имконият медиҳад, ки гени зарурии растанӣ ба ҷойи зарурии дигар растанӣ гузаронда шуда, натиҷаи дилхоҳ ба даст оварда шавад.

Ҳамин тавр, организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашуда- ин таҳаввулоти (эволютсияи) босуръат мебошад. Аз аввал мақсади парвариш карда расондани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашуда аз баланд бардоштани ҳосилнокӣ, афзунсозии устувории растаниҳо ба хушксолӣ, бартараф кардани норасоии моддаҳои ғизогӣ дар онҳо, ба вуҷуд овардани муносибати бетарафӣ ба вирусҳо, касалиҳои замбўруғӣ ва заҳрдоруҳои барои нест кардани алафҳои бегона истифодашаванда иборат буд.

Аз соли 1997 Ҷумҳурии Тоҷикистон шомили Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба гуногунии биологӣ, протоколҳои Картахен доир ба бехатарии биологӣ ва Нагоя доир ба дастрасӣ ба захираҳои генетикӣ мебошад.

Дар доираи талаботи Конвенсия ва санадҳои мазкури сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи гуногунии биологӣ ва бехатарии биологӣ муақаррар карда шудаанд.

Таҳлилҳо собит месозанд, ки дар Тоҷикистон дар соҳаи кишоварзӣ тухмиҳои навъҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашуда истифода мегарданд. Аз ин лиҳоз, дар вақти истифодаи организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашуда ҳам тарафҳои мусбат ва ҳам манфӣ бояд ба инобат гирифта шаванд.

Танзими намудҳои фаъолият вобаста ба ҳосил кардан, санҷидан, истеҳсол, истифода ва ба фурўш баровардани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашуда, ба муҳити зист ворид кардан ва ба бозор баровардани маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда муқаррар намудани заминаи ҳуқуқиро талаб менамоянд.

Дар интиҳо таъкид карда шуд, ки муқаррар кардани заминаи ҳуқуқии истифодаи организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашуда ва маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда дар ҳалли масъалаҳои замони муосир мавқеи худро ишғол мекунад.

Маҳз бо ҳамин мақсад дар ин мавзӯъ мизи мудаввар доир карда шуд ва боварӣ дорем, ки он дар такмили лоиҳаи қонуни таҳияшуда муфид мебошад.

АКС: МН МО ҶТ

Декабрь 27, 2021 16:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Чин дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон ба тасвиб расид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир шуд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси аш — Шурои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо муовини якуми Раиси Федератсияи палатаҳои тиҷоратии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Раиси Агентии рушди сармоягузории Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагон бо устодону донишҷӯён доир гардид
Ба омӯзгорону донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд муҳтавои Паёми Президенти Тоҷикистон расонида шуд
Ба сокинони ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Муъминобод ва Ховалинг Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳ дода шуд
Раиси Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода ба сокинони Рашт нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистонро шарҳ дод
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе вохӯрии вакилон бо интихобкунандагон доир шуд