Дар Маҷлиси намояндагон якчанд созишномаҳо ба тасвиб расиданд
ДУШАНБЕ, 15.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид, якчанд созишномаҳоро ба тасвиб расониданд, хабар дод котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар».
Дар ҷаласаи мазкур Протокол миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон супоридани молу мулки ғайриманқули аз ҷониби воҳидҳои ҳарбии пойгоҳи ҳарбии Русия озодгардида аз 28 июни соли 2021, Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ, Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамлу нақл, транзити мол ва мусофирон, Созишномаи грантӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Кувайтии Рушди Иқтисодии Араб барои маблағгузории таҳияи асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ ва тарҳрезии муфассал барои лоиҳаи роҳи Ховалинг-Тавилдара, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Созишнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Авруосиёии Рушд оид ба пешниҳоди грант аз маблағҳои Фонди Авруосиёии Муътадилгардонӣ ва Рушд барои маблағгузории лоиҳаи «Ташхиси мобилии COVID-19 (Ҷумҳурии Тоҷикистон)», Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода аз 2 июни соли 2021, Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷористон дар бораи супоридани маҳкумшудагон аз 7 апрели соли 2021 ва Шартномаи истирдод миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷористон аз 7 апрели соли 2021 мавриди баррасӣ қарор дода шуда, аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул шуданд.
Ёдовар мешавем, ки масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияро ба вакилони Маҷлиси намояндагон муовини якуми Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, муовини Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Солеҳзода, муовини якуми Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳотамшоҳ Латифзода, муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Талбакзода, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустам Шоҳмурод, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Хайрулло Амонуллодода, вакилони мардумӣ Бахтиёр Аҳмадзода, Фозил Обидзода, Абдуҷаббор Умарзода, Мунаввар Абдусаломзода, Ҳуснигул Одиназода, Равшан Раҷабзода шарҳ доданд.
АКС: Маҷлиси намояндагон








Дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Фаронса дар самти таҳкими нақши занон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ баррасӣ шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо Президенти Сенати иёлоти Ютаи Амрико вохӯрӣ намуд
Вакилони Маҷлиси намояндагон якчанд созишномаро ба тасвиб расониданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон дар масъалаи идоракунии интернет, рақамикунонӣ ва технологияҳои муосири инноватсионӣ вохӯрӣ доир гардид
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо ҳайати сенаторони Гурӯҳи дӯстии Сенати Фаронса «Фаронса — Осиёи Марказӣ» вохӯрӣ намуд
Доир ба рафти иҷрои «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» муҳокимаи парлумонӣ баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон бо Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории парлумонии Олмон—Осиёи Марказӣ мулоқот баргузор шуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи маҷозии Муколамаи занон – роҳбарони Осиёи Марказӣ доир шуд






