Дар Маҷлиси намояндагон якчанд созишномаҳо ба тасвиб расиданд

Декабрь 15, 2021 11:55

ДУШАНБЕ, 15.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид, якчанд созишномаҳоро ба тасвиб расониданд, хабар дод котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар».

Дар ҷаласаи мазкур Протокол миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон супоридани молу мулки ғайриманқули аз ҷониби воҳидҳои ҳарбии пойгоҳи ҳарбии Русия озодгардида аз 28 июни соли 2021, Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ, Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамлу нақл, транзити мол ва мусофирон, Созишномаи грантӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Кувайтии Рушди Иқтисодии Араб барои маблағгузории таҳияи асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ ва тарҳрезии муфассал барои лоиҳаи роҳи Ховалинг-Тавилдара,  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Созишнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Авруосиёии Рушд оид ба пешниҳоди грант аз маблағҳои Фонди Авруосиёии Муътадилгардонӣ ва Рушд барои маблағгузории лоиҳаи «Ташхиси мобилии COVID-19 (Ҷумҳурии Тоҷикистон)», Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода аз 2 июни соли 2021, Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷористон дар бораи супоридани маҳкумшудагон аз 7 апрели соли 2021 ва Шартномаи истирдод миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷористон аз 7 апрели соли 2021 мавриди баррасӣ қарор дода шуда, аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул шуданд.

Ёдовар мешавем, ки масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияро ба вакилони Маҷлиси намояндагон муовини якуми Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, муовини Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Солеҳзода,  муовини якуми Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳотамшоҳ Латифзода, муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Талбакзода, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустам Шоҳмурод,  раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Хайрулло Амонуллодода, вакилони мардумӣ Бахтиёр Аҳмадзода, Фозил Обидзода, Абдуҷаббор Умарзода, Мунаввар Абдусаломзода,  Ҳуснигул Одиназода, Равшан Раҷабзода шарҳ доданд.

АКС: Маҷлиси намояндагон

Декабрь 15, 2021 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Мавсума Муинӣ: «Мавқеъ ва саҳми занон дар дипломатияи парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоён аст»
Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ баргузор гардид
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба фарҳанги истифодаи оқилонаи захираҳои обро қабул намуд
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба таҳкими фарҳанги сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми арзишҳои фарҳангии миллатҳоро қабул намуд
Файзалӣ Идизода бо Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё Муҳаммадризо Маҷидӣ вохӯрӣ намуд
26 СЕНТЯБР — РӮЗИ МАҶЛИСИ ОЛӢ — ПАРЛАМЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти мақоми қонунгузор барои пешрафти давлат равона шудааст
Вохӯрии роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар доир шуд
Муҳаммадризо Маҷидӣ: «Фарҳанг чун яке аз пояҳои муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ байни мардуми Осиё хизмат менамояд»
Файзалӣ Идизода: «Ассамблеяи парламентии Осиё дар ташаккули фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагӣ нақши муҳим дорад»
Дар Душанбе ҷаласаи Раёсат/Бюрои Ассамблеяи парлумонии Осиё баргузор гардид
Ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парламентии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ оғоз шуд
Мавсума Муинӣ бо раиси Комиссияи Сенати Шоҳигарии Камбоҷа оид ба ҳуқуқи инсон вохӯрӣ намуд