Дар Мастҷоҳ боз як зеристгоҳи барқӣ бунёд мегардад
ДУШАНБЕ, 05.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастҷоҳ сохтмони зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВт оғоз гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ.
Зеристгоҳи барқӣ бо маблағгузории филиали ҶСК шабакаҳои тақсимот ва интиқоли неруи барқи шаҳри Гулистон бо мақсади сабук намудани сарбории зеристгоҳи барқии 3510 ва «Дилварзин-1» бунёд мегардад.
Бо сохта шудани зеристгоҳи мазкур дар ин минтақа як трансформатор бо тавоноии 16 кВа ва 4 адад чашмакҳои содиротӣ васлу насб мегарданд. Дар натиҷа бори зеристгоҳи барқии 3510 ва «Дилварзин-1» сабук гашта, сифати шиддат мувофиқи меъёр таъмин мегардад ва талафоти неруи барқ дар ин минтақа аз байн меравад- иттилоъ медиҳад манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки дар ноҳияи Мастчоҳ 12 адад зеристгоҳҳои барқӣ мавҷуд буда, ҳамасола ба аҳолӣ тавассути онҳо неруи барқ интиқол дода мешавад.
АКС: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ








АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 маротиба зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд






