Дар Суғд ҳамкории минтақавии Тоҷикистон ва Беларус баррасӣ гардид

Декабрь 3, 2021 09:32

ДУШАНБЕ, 03.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. 2 декабр дар вилояти Суғд доир ба вазъ ва дурнамои рушди муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Беларус, аз ҷумла ҳамкории минтақавӣ миёни Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Денисенко мубодилаи афкор сурат гирифт, хабар дод корманди хадамоти матбуоти Раиси вилоят Андар Раҳмонӣ ба АМИТ «Ховар».

Раҷаббой Аҳмадзода иброз дошт, ки бо сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко ҳамкорӣ миёни вилоятҳои ду давлат дар ҳоли рушд буда, вилояти Суғд бо якчанд  вилоятҳои Беларус, аз ҷумла Минску Могилёв робитаҳои иқтисодӣ дорад. Виктор Денисенко низ аз сатҳи муносибатҳои бисёрҷанбаи минтақаҳо изҳори қаноатмандӣ карда, зикр дошт, ки имрӯз соҳибкорони вилояти Могилёв ба вилояти Суғд омадаанд. Дар назар аст, ки ҳамкории дуҷониба боз ҳам тақвият дода шавад.

Ҳамзамон  Раиси вилоят бо муовини Раиси кумитаи иҷроияи вилояти Могилёви Ҷумҳурии Беларус Руслан Страхар мулоқот кард.

Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат изҳори боварӣ намуд, ки сафари соҳибкорони вилояти Могилёв ба вилояти Суғд ба рушди муносибатҳои дуҷониба мусоидат хоҳад кард.

Раиси вилоят аз сафари ҳайати вилояти Суғд ба вилояти Могилёв ёдовар шуда, иброз кард, ки тарафҳо метавонанд бо истифода аз имконияти мавҷуда ҷиҳати бунёди корхонаҳои муштарак ва доду гирифти молу маҳсулот ба натиҷаҳои назаррас ноил гарданд. Руслан Страхар барои истиқболи самимӣ изҳори миннатдорӣ намуда, иброз намуд, ки «ҳоло гурӯҳи калони соҳибкорон аз вилояти Могилёв ба вилояти Суғд омада, давоми чанд рӯз бо вазъи саноату иқтисод ва шароиту имконот шинос шуда, бо ҳамтоёни тоҷики худ мулоқоту гуфтушунидҳо хоҳанд кард».

Умед аст, ки тарҳҳои мушаххаси барои ҳарду ҷониб муфид пешниҳод ва амалӣ карда шаванд.

Дар баробари ин Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Қароргоҳи Сарвари давлат дар шаҳри Хуҷанд бо муовини Раиси кумитаи иҷроияи вилояти Могилёв Руслан Страхар ва соҳибкорони Ҷумҳурии Беларус мулоқот кард.

Раиси вилоят аснои мулоқот бо ёдоварӣ аз сиёсати пешгирифтаи сарони давлатҳои  Тоҷикистон ва Беларус иброз дошт, ки имрӯз сатҳи ҳамкории вилоятҳои Суғду Могилёв беҳтар гардида, ҷонибҳо дар асоси созишномаҳои дуҷониба ва муносибатҳои деринаи дӯстона барои рушду тавсеаи робитаҳо талош доранд.

Раҷаббой Аҳмадзода инчунин вобаста ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии вилоят ва имконият барои тақвияти ҳамкорӣ дар бахшҳои саноату кишоварзӣ маълумот дода, хостори амалисозии иқдомҳои мушаххас шуд.

Роҳбари ҳайат Руслан Страхар таъкид дошт, ки сафари намояндагони вилояти Могилёв ба вилояти Суғд саҳифаи наверо дар муносибатҳои миёни вилоятҳо боз намуд.

Ӯ гуфт, ки доираҳои тиҷоратии ду вилоят бо ҳам мулоқот ва барои амалисозии тарҳҳои муштарак иқдом хоҳанд намуд.

Ёдовар мешавем, ки ҳайати вилояти Могилёв давоми чанд рӯз бо фаъолияти корхонаҳои саноатии шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Истаравшан, ноҳияҳои Ҷаббор Расулову Бобоҷон Ғафуров ва Минтақаи озоди иқтисодии Суғд шинос шуда, ҷиҳати густариши робитаҳо бо соҳибкорони вилояти Суғд вохӯриҳо доир менамоянд.

АКСҲО: Хадамоти матбуоти Раиси в. Суғд

Декабрь 3, 2021 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд