Дар Тоҷикистон 55,3% шаҳрвандон бар зидди COVID-19 ваксина гирифтаанд
ДУШАНБЕ, 10.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон 55,3% шаҳрвандон бар зидди сирояти COVID-19 ваксина гирифтаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бино ба иттилои дастрас то ба ҳолати 10 декабри соли равон дар Тоҷикистон 3 миллиону 222 ҳазору 924 нафар (55,3%) бар зидди коронавируси нави COVID-19 ваксина гирифтаанд. Инчунин, вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида 2 миллиону 677 ҳазору 138 нафар (45,9%) шаҳрвандони кишвар гирифтаанд.
Бояд гуфт, ки имрӯзҳо сокинони мамлакат бо як масъулияти баланд баҳри ҳифзи саломатии худ ва наздиконашон ба муассисаҳои тандурустии маҳалли зисти хеш муроҷиат намуда, ваксинаи зидди ин беморӣ гирифта истодаанд ва аз ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар хоссатан дар самти саривақт дастрас намудани ваксинаи зидии бемории каронавирус сипосгузории хешро иброз медоранд.
Дар ин росто, мавриди зикр аст, ки тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 3 июл ба нашр расид, ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус барои шаҳрвандони синни аз 18-сола болои мамлакат ҳатмӣ мебошад. Нафароне, ки ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус нагирифтаанд, ҳатман ба табибони оилавӣ ва ё ба муассисаҳои тандурустии маҳали зисташон муроҷиат намоянд. Ваксина ба шаҳрвандони мамлакат тариқи ройгон гузаронида мешавад.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






