Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ масъалаҳои марбут ба соҳаи меҳнат миёни Тоҷикистон ва Қатар баррасӣ шуданд
ДУШАНБЕ 10.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои бозори меҳнат, касбомӯзӣ, равандҳои асосии муҳоҷирати меҳнатӣ дар бозори байналмилалии меҳнат, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони корӣ ва раванди демографӣ будани муҳоҷират ва дигар масъалаҳои вобаста ба ин дар мулоқоти Вазири меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ширин Амонзода бо Сафири давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳим бин Муҳаммад ал-Абдуллоҳ, ки 9 декабр доир шуд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғлии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар мулоқот ҷонибҳо татбиқи созишномаи амалкунанда дар самти ҷалби қувваи кории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Қатар, масъалаҳои марбут ба соҳаҳои меҳнат, аз ҷумла роҳандозӣ намудани ҳамкории минбаъда дар самти муҳоҷират ва мусоидат ба шуғли аҳолиро мавриди таҳлил қарор доданд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷиҳати ҳусни тафоҳум дар густариши ҳамкории тарафайн ва рушди муносибатҳо дар самти меҳнат, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ ва бозомӯзию рушди ҳунармандӣ ҷонибҳо ба якдигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.
АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ








Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст






