Дар ВКД оид ба тақвият бахшидани ҳамкории судманд дар самти пешгирии савдои одамон мулоқот доир шуд

Декабрь 15, 2021 10:05

ДУШАНБЕ, 15.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. 14 декабр муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Бароталӣ Ҳамидзода бо гузоришгари вежаи СММ оид ба савдои одамон Сиобан Муллалӣ вохӯрӣ доир намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти пешгирии савдои одамон ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ табодули афкор намуданд.

Зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати самаранок ба роҳ мондани муқовимат ба савдои одамон мунтазам тадбирҳои ҳуқуқиву ташкилии зарурӣ меандешад.

Бо мақсади ташкили муқовимат ба савдои одамон, ҳифз ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон ва тавонбахшии онҳо соли 2014 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон» қабул карда шуд.

Ҳамзамон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021» тасдиқ гардид, ки ин иқдоми хайрхоҳона ва башардӯстона аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қонунгузории мамлакат нисбат ба шаҳрвандон шаҳодат медиҳад.

Аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш, малакаи касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ дар самти муқовимат ба савдои одамон дар Академияи ВКД курсҳои махсус ва мунтазами такмили ихтисос ба роҳ монда шудаанд.

АКС: ВКД ҶТ

Декабрь 15, 2021 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд