Дар Женева самтҳои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо UNCTAD баррасӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 07.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Самтҳои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Конфронси Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба савдо ва рушд ва низоми автоматии маълумоти гумрукӣ дар вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Котиби генералии Конфронси СММ оид ба савдо ва рушд UNCTAD хонум Ребека Гринспан 7 декабр дар шаҳри Женеваи Швейтсария баррасӣ гардиданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ.
Завқӣ Завқизода доир ба таҳкими ҳамкории мутақобилан судманд ибрози назар намуда, аз Котиби генералии Конфронси СММ оид ба савдо ва рушд хонум Ребека Гринспан дархост кард, ки дар масъалаҳои рақамикунонии иқтисодиёт, тиҷорати рақамӣ, содагардонии расмиёти савдо ва дигар самтҳои афзалиятнок кумакҳои худро бештар намояд.
Дар вохӯрӣ ҳайати расмии Тоҷикистон, роҳбарону намояндагони Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Агентии «Тоҷикстандарт» ва Хадамоти гумрук иштирок намуданд.
АКС: Вазорати руши иқтисод ва савдо








Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд






