Дастаи «Хуҷанд» бо медалҳои нуқраи Лигаи олии Тоҷикистон-2021 сарфароз гардонида шуд

Декабрь 29, 2021 09:50

ДУШАНБЕ, 29.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба бозингарон, ҳайати мураббиён, маъмурият ва роҳбарияти дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд барои ишғоли зинаи дуюм дар Лигаи олии Тоҷикистон-2021 медалҳои нуқраи мусобиқа супорида шуданд. Маросими тантанавии супоридани медалҳо 28  декабр дар маҷмааи «Кохи Суғдиён»-и  шаҳри Хуҷанд дар сатҳи баланд баргузор гардид, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон. 

Медалҳоро ба намояндагони дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд раиси вилояти Суғд, роҳбари Федератсияи футболи Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Шоқурбонов супориданд. Раиси вилоят дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷандро бо ин муваффақият ва барои ба даст овардани Ҷоми Тоҷикистон дар соли 2021 муборакбод намуда, дар мавсими нав барору комёбӣ таманно намуд.

Дар баробари ҳайати асосии даста инчунин ҳайати ҷавонони дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд барои ғалаба дар мусобиқаи ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои Лигаи олӣ-2021 қадрдонӣ шуданд.

                                                  АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Декабрь 29, 2021 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд