ФАЛАК ҲАМРАДИФ БО САНЪАТИ ОПЕРА ҶАҲОНӢ АСТ! Чунин омадааст дар китоби тозанашри фарҳангшинос Ҷонибек Асрориён, ки ба ин жанри мусиқӣ бахшида шудааст

Декабрь 17, 2021 15:25

ДУШАНБЕ, 17.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар баробари ба Феҳристи   мероси фарҳангии ғайримоддии башарият  қабул гардидани номинаи «Фалак»  дар ЮНЕСКО аз ҷониби нашриёти «Адиб»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби «Фалак» (сайри таърихӣ ва тафсири фарҳангшиносӣ)-и фарҳангшиноси маъруф Ҷонибек Асрориён рӯи чоп омад.

Муаллифи китоб ҷойгоҳи воқеии жанри бостонии созию овозии фалакро бо иқтибосу далел аз олимону муҳаққиқон ҷамъоварӣ намуда, ҳамчун китоби рӯимизии иҷрокунандагони ин жанр пешкаш намудааст.

Китоби мазкур дар шинохти санъати созию овозии «Фалак» навгонии нотакрор буда, муаллиф бо овардани иқтибосҳо аз таълифоти олимони Тоҷикистон ва ҷаҳон оид ба «Фалак» ва андешаҳои олимонаву шоиронаи хеш ин санъати созиву овозии бостонии миллати тоҷикро  ҳамрадиф бо санъати «Опера»-и  ҷаҳонӣ унвон кардааст.

Дар сарсухани китоб муаллиф аз «Алла»-и модари тоҷик ёд намуда, таъкид бар он намудааст, ки суруди «Алла» беҳтарин намунаи санъати фалаксароист.

Тавре зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» фарҳангшиноси маъруф, муаллифи китоби «Фалак» (сайри таърихӣ ва тафсири фарҳангшиносӣ) Ҷонибек Асрориён иброз дошт, таърихи пайдоиши жанри фалак асосан пеш аз асри X маҳсуб мешавад. «Бархе олимон нақшҳоеро, ки аз деворҳои шаҳраки қадимии Ҳулбук ёфт шудаанд ва дар онҳо занҳо дар даст думбраву камонча ва ғиҷҷак доранд, далели ин гуфтаҳо меҳисобанд», -мегӯяд фарҳангшинос.

Ба зикри мавсуф, «ҳеҷ як жанри мусиқӣ бе хусусияти хос буда наметавонад. Иҷрои фалак бо шеваҳои гуногун маълум буда, хусусиятҳои шеваи иҷрои маҳалҳои гуногун дар матни сурудҳои фалак зиёд ба назар мерасанд ва матни сурудҳо вобаста ба хусусияти фонотекии тарзи гӯиши гуногун таркиб меёбад. Фалак яке аз жанрҳои мушкилтарини соҳаи мусиқӣ мебошад. Ҳар ҳунарманд аз уҳдаи фалакхонӣ баромада наметавонад. Фалак бо асбоби бепарда хонда мешавад, ки аз нозуктарин ва душвортарин намуди асбоб дониста мешавад».

Китоби «Фалак» аз 16 боб иборат буда, дар он вобаста ба шинохти ин жанр оид ба  намудҳои гуногуни он ва макони пайдоиши жанри фалак маълумот медиҳад.

Дар боби сеюми китоб муаллиф оид ба шарҳу тафсири жанри фалак аз ҷониби муҳаққиқон изҳори андеша мекунад. Ӯ ба фикри муҳаққиқоне, ки жанри фалакро «ба нолаву навҳа, фарёду оҳу афғон ва муноҷот ба Худованд, ҷабру шикваву нокомӣ мепайванданд», зид нест, вале онро саҳеҳ низ намешуморад. Яъне, ӯ бар он аст, ки фалак на танҳо аз нолаву навҳа иборат аст, балки мазмунҳои ишқӣ, ирфонӣ, размоварӣ, қаҳрамонӣ, панду ахлоқӣ ва ғайраро низ дар худ фаро гирифтааст.

Инчунин бобҳои дигари китоб таҳти унвонҳои «Меҳрпарастӣ, буддоия ва бутпарастию оини тенгрӣ», «Фалак» ё фалакӣ, «Фалакӣ шикваю навҳа аст!?», «Таърих ва ҳунар» ва ғайра оид ба паҳлуҳои гуногуни норавшану наомӯхтаи жанри созию овозии фалак ҳикоят мекунанд.

Ба зикри муаллиф, «жанри созию овозии фалак ихтисосӣ буда, дар муддати ҳазор сол шеваи адояшро нигоҳ доштааст. Аз ҳамин аст, ки тақлидро аз ҷониби дигарон намепазирад. Кам ҳунармандоне пайдо мешаванд, ки дар тақлид дар ин жанр муваффақ шаванд».

АКСҲО аз манбаъҳои боз

Декабрь 17, 2021 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

БО «ХОВАР» ВА БОХАБАР! Имрӯз аз таъсиси Радиои «Ховар» 12 сол сипарӣ гардид
АРМУҒОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Китобҳои нависанда, рӯзноманигор ва коргардони тоҷик Сайф Раҳимзоди Афардӣ бознашр гардид
Бахшида ба 30-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Қазоқистон консерти тантанавӣ доир гардид
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 100-солагии пешвои миллии Озарбойҷон Ҳайдар Алиев намоиши аксҳо ташкил шуд
Моҳи июн Фестивали ҷумҳуриявии атласу адрас ва намоишу фурӯши он баргузор мегардад
«ГАНҶ МАГИР, КИТОБ ГИР». Дар шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои бачагона оғоз ёфт
СУРАТ-ДАЛЕЛ. Дар навсозии Қалъаи Хуҷанд унсурҳои қадима ва миллӣ нигоҳ дошта мешавад
Дар Ҳисор бахшида ба эҷодиёти шоир ва драматурги тоҷик Ҳикмат Раҳмат маҳфили адабӣ баргузор шуд
АҲСАНТ! Донишҷӯи Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе Мария Чебоненко сазовори медали тиллои озмуни байналмилалӣ гардид
Дар шаҳри Бӯстон Фестивали атласу адрас ва намоишу фурӯши он баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». 62 иштирокчии даври шаҳрии озмун дар Норак ба даври вилоятӣ роҳхат гирифт
Бостоншиносон дар ёдгории бостонии Санҷаршоҳ ҳафриёт мегузаронанд