ФАЪОЛИЯТИ НАМОИШГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФАРОНСА ИДОМА ДОРАД. Ҳар рӯз садҳо ҳазор нафар сокинони Аврупо бо таъриху фарҳанги мардуми тоҷик шинос мешаванд

Декабрь 20, 2021 13:11

Тоҷикистон Фаронсаро шарики муҳим, боэътимод ва боварибахши худ дар Аврупо медонад.

Эмомалӣ Раҳмон

ДУШАНБЕ, 20.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар радифи таҳкими дигар аркони давлатдорӣ масоили ҳифзу гиромидошт, рӯнамоӣ ва шуҳратбахшии таъриху фарҳанг ва арзишҳои миллӣ дар меҳвари сиёсати давлатии Роҳбарияти олии Тоҷикистон қарор гирифтааст.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фаронса, Италия ва Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО дар самти татбиқи сиёсати давлатӣ баҳри рӯнамоӣ, шуҳратбахшии таъриху фарҳанг ва арзишҳои миллӣ пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида, онҳоро мавриди амал қарор медиҳанд.

Чанд рӯйдоди муҳимеро, ки соли ҷорӣ дар ин маврид ба вуқуъ омаданд, зикр менамоем.

Бояд гуфт, ки таърихи фиристодагӣ, таърихи ягонагии фарҳанги муоширати пазируфтаи байни давлатҳо, ки дар меҳвари он масоили роҳандозӣ, таҳкимдиҳӣ ва эътимодбахшии муттасили муносибатҳои мутақобилан судманд оид ба баровардагии ниёзҳои ҷомеа ва давлатҳои мустақил ҳамчун дурнамои ҳадафрас қарор гирифтаву мегирад, қабл аз ҳама бар пояи арзишҳои маънавию фарҳангии эҳтиромёфта побарҷост.

Аз ин рӯ, метавон чунин хулоса кард, ки фарҳанг на танҳо ҳастии миллатҳо, балки дар пайванди гуфтугӯи тамаддунҳои башарӣ аз зумраи пулҳои устуворест. Ҳамин аст, ки дар радифи таҳкими дигар аркони давлатдорӣ масоили ҳифзу гиромидошт, рӯнамоӣ ва шуҳратбахшии таъриху фарҳанг ва арзишҳои миллӣ дар меҳвари сиёсати давлатии Роҳбарияти олии кишварамон қарор гирифтааст.

Зимнан, рисолати ҳамагонист, ки дар ҷодаи тақвияти худшиносӣ ва болобарии ҳуввияти миллӣ, новобаста аз тобишу чолишҳои иҷтимоии фардӣ, дар азхудкунӣ ва мавқеъдиҳии мавридхоҳи таърих ва фарҳанги миллӣ нақши бориз дошта бошем. Ба он маънӣ, ки дар низоми ҷаҳонишавии арзишҳои талқиншаванда моҳияту ҷойгоҳи таърихии миллатҳо ва арзёбии воқеъбинонаи саҳми баромадагони онҳо дар тавсеаи тамаддуну шуури башарӣ халалпазир мегардад.

Месазад, ки барои тамиздории хотираи таърихӣ ва рӯнамоии он, бидуни имкониятҳои истифодашавандаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, равзане баҳри наслҳо ё тамаддунҳои имрӯзи башарӣ дар қораҳои сайёра низ бояд кушод.

Аз ин ҷост, ки дар асоси сиёсати хирадмандона ва ҳидоятҳои фарогири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи ташрифи навбатии расмиашон ба Фаронса аз ҷониби Сафорати Тоҷикистон дар Фаронса бо ҷалби шарикону ҳамтоён дар кишвари иқомат иқдомоти судманде дар самти мазкур амалӣ карда шуд.

Нахустин Намоишгоҳи нигораҳои таърихии Тоҷикистон дар қораи Аврупо таҳти унвони “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” дар Осорхонаи миллии санъати осиёии “Гиме”-и Ҷумҳурии Фаронса, ки   13 октябри соли равон бо инобати арзишмандӣ ва муҳиммияти масъала аз ҷониби президентони ду давлат — Эмомалӣ Раҳмон ва  Эммануэл Макрон ба фаъолияташ ифтитоҳ бахшида шуд,   то 10 январи соли 2022 чун муждаи хуш ва армуғони хосаи роҳбарияти давлати тоҷикон ба элитаи сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии Фаронса оид ба шинохти таърихии миллати тоҷик хизмат хоҳад намуд.

Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, дар замони муосир, махсусан, дар шароите, ки бархурди тамаддунҳо ва арзишҳои гуногуни фарҳангӣ торафт бештар тавсеа пайдо мекнанд,  омӯзиши амиқи таърих ва тарғибу ташвиқи мероси ғании таърихиву фарҳангӣ яке аз роҳҳои тарбия ва талқини  таҳаммулпазирӣ мебошад. Воқеан, таърихи қадимаи халқи тоҷик ва мероси гаронбаҳои моддиву маънавии гузаштагони мо, аз ҷумла, ёдгориҳои таърихӣ бузургтарин мактаби худшиносӣ барои ҳар як фарди ҷомеа, махсусан наврасону ҷавонон  маҳсуб меёбанд.

Бе муҳобо, ин тадбирро, ки бо саҳми бузург ва иродаи сарони давлатҳо ба шарафи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва дар остонаи сиюмин солгарди муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Фаронса баҳри пайванд сохтани тамаддунҳо ва аҳли ҷомеа роҳандозӣ гашт, рӯйдоди муҳим ва   таҳкимдиҳандаи муносибатҳои ҳамкории на танҳо ду кишвар, ҳатто дар қораи Аврупо, дар бахши фарҳанг метавон арзёбӣ кард.  Итминон аст, ки ин рӯйдод ба  роҳандозии робитаҳо байни осорхонаҳои ду кишвар ва тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо дар ин самт мусоидат хоҳад намуд.

Дар ин робита, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Фаронса  Эммануэл Макрон барои саъю талош ва ташаббусҳо ҷиҳати рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса ва дар ин замина ташкил гардидани Намоишгоҳи мазкур арзи сипос намуданд.

Зимни шиносоӣ бо нигораҳои нодири Намоишгоҳ, Президенти кишвар   Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои худ Эммануэл Макрон таъриху тамаддуни миллати шарафманди тоҷик, саҳми фарзандони баруманди тоҷик дар рушди тамаддуни башарӣ, мавзеъҳои таърихӣ, давлатдории тоҷикон дар асрҳои гуногун ва қадима будани сарзамини ганҷхези Тоҷикистонро муаррифӣ карданд.

Бояд зикр намуд, ки агар дар гузашта аврупоиён ҳини боздиди Осорхонаи Британия дар Лондон бо азназаргузаронии бозёфтҳои Хазинаи Амударё – ёдгории беқаринаи сараҷдоди тоҷикон, тоҷи сари шоҳкориҳои санъати нафисаи Бохтари қадим, дурдонаи беназири осори тамаддуну давлатдории ниёгони мо нисбати таърихи миллати тоҷик маълумоти андак пайдо мекарданд, феълан мардумони Фаронса ва дигар кишварҳои Аврупо зимни ташриф ба ин Намоишгоҳ имкон ёфтанд бо осори давраҳои энеолит ва биринҷии  шаҳраки Саразми бостонӣ, ки ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил  гардидааст, шинос гарданд.

Зеро барои муаррифии таъриху тамаддуни бою қадима ва санъати нотакрори миллати тоҷик дар Осорхонаи “Гиме” 211 адад нигораҳои аз ҳудуди имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бозёфта аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии бостоншиносии Тоҷикистон дастрас гардид, ки тавассути онҳо тамоми зебоиҳои табиӣ ва таърихи нотакрори халқи тоҷик ба мардуми дӯсти Фаронса пешкаш мешавад.

Тамошобинон имкон доранд, ки ба воситаи нигораҳои Намоишгоҳ ҷаҳони маънавии худро оид ба давраҳои гуногуни таърихии миллати тоҷик, ба монанди давраи пеш аз мелод — “Оини зардуштӣ”, “Империяи Ҳахоманишиҳо”, “Давлати Юнону Бохтар”, “Империяи Кушониён” ва “Давлати Сосониён” ғанӣ гардонанд.

Қобили  таъкид аст, ки ин бузургтарин намоиши таърихии ба ҷаҳони Ғарб пешкашнамудаи Тоҷикистон дар қитъаи Аврупо мебошад, ки тариқи воситаҳои ахбори оммаи чопию электронии фаронсавӣ таблиғи васеъ ёфта, навори видеоии он дар коллексияҳои Осиёи Марказии Осорхонаи “Гиме” ворид ва дар постери рекламавии Намоишгоҳ дар истгоҳҳои метрои шаҳри Париж фаровон истифода гардид.

Агар тибқи омори расмӣ аз Намоишгоҳи мазкур дар як моҳ 12-13 ҳазор тамошобин дидан карда бошанд, тавассути ҷойгиронии он дар таблоҳои таблиғотии истгоҳҳои метроӣ ҳамарӯза ин намоишгоҳ барои аз 4 то 7 миллион сокинону меҳмонони истифодабарандаи метрои Париж муаррифӣ шуд, ки хело ҳадафманд маҳсуб меёбад.

Тазаккур бояд дод, ки Гиме – Осорхонаи миллии санъати осиёии шаҳри Париж охирҳои асри 19 аз ҷониби саноатчии сарватманд Эмил Гиме таъсис ёфта, фаъолияташ бори аввал соли 1879 дар шаҳри Лион оғоз ва баъдтар ба Париж интиқол дода шуд. Дар осорхона яке аз бузургтарин нигораҳои Осиё ҷойгир гардидааст.

Бояд гуфт, ки робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо Фаронса дар баробари дигар соҳаҳои ҳамкорӣ, бар пояи меъёрҳои байналмилалӣ ва эътирофи  манфиатҳои ҳамдигар асос ёфта, дар ҳоли рушди мунтазам қарор доранд.

Мавриди зикр аст, ки дар партави иштирок ва суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар расми ифтитоҳи Рӯзҳлои фарҳанг ва намоиши ҳунарҳои мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар пойтахти Фаронса, ки 14 октябри соли равон доир гардид ва зимни он ба сатҳи ҳамкориҳои мутақобила баҳои баланд дода шуд, фазои фарҳангии Парижро як идда чорабиниҳои марбута низ рангин намуданд.

Чунончӣ, 27 ноябри соли 2021 дар Осорхонаи “Гиме”-и шаҳри Париж дар шарикӣ бо Иттиҳодияи фаронсавии дӯстони Шарқ, Рӯзи бахшида ба Тоҷикистон доир гардид, ки дар он намояндагони осорхонаи мазкур, олимону таърихшиносон, ҳунармандону тадқиқотчиён, сиёсатмадорон ва ҷомеаи шаҳрвандии Фаронса, инчунин аҳли илму фарҳанги тоҷики муқими шаҳри Париж ва масъулини Сафорати Тоҷикистон дар Фаронса иштирок доштанд.

Дар рафти ҳамоиши мазкур олими фаронсавӣ ва узви хориҷии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Франсис Ришар, профессор-хитойшинос Эммануэл Линко, коршиноси иқтисоди кишоварзӣ Кристин Ориёл, коргардони маъруфи тоҷик Ҷамшед Усмонов, аксбардори шинохтаи сайёҳӣ Ферранте Ферранти ва намояндаи ширкати матбуотии “Novastan” Амелия Буаяр-Бинефелд роҷеъ ба дастоварду натиҷаҳои фаъолияти хеш, хусусан оид ба саёҳат дар шоҳроҳҳои Тоҷикистон, кашфи шаҳру деҳот ва манзараҳои дилкаши мамлакат, таърихи забони тоҷикӣ ва мероси ғании адабиёти тоҷик, рушди деҳоту сайёҳӣ, инъикоси расонаии Тоҷикистон ва умуман минтақаи Осиёи Марказӣ дар нашрияи фаронсавии “Novastan”, зиддиятҳои геополитикии минтақа ва аҳамияти таҳкими муносибатҳои оилавӣ тариқи намоиши филмҳо маълумоти муфассал дода, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишварро таҳти садорати Пешвои миллат ибратбахш арзёбӣ карданд.

Намоиши филми коргардони маъруфи тоҷики муқими Фаронса Ҷамшед Усмонов таҳти унвони «L’ange de l’épaule droite» (Фариштаи китфи рост), ки мавзӯи таҳкими муносибатҳои оилавӣ дар Тоҷикистонро васф мекунад, низ дар ин чорабинӣ барпо гардид, ки онро аҳли ҳузур хуб пазируфтанд.

Ба ин минвол, дар ҳамин макон, дар чунин сатҳ ва ҳайати дӯстдорони таъриху фарҳанги тоҷик 11 декабри соли 2021 Рӯзи бостоншиносии Тоҷикистон таҷлил карда шуд.

Дар рафти ҷамъомади мазкур маърӯзаҳои ҷолибу пурмуҳтавои олимон-бостоншиносон ва муаррихони фаронсавӣ ва хориҷӣ (Анри Пол-Франкфор, Фредерик Брюне, Франсис Ришар, Валерӣ Залески, Ҳарри Фалк, Этиен Де Ла Вессиер ва дигарон) роҷеъ ба таърихи ҳамкории бостоншиносӣ миёни Тоҷикистону Фаронса, хосатан натиҷаҳои кофтуковҳои бостоншиносӣ ва мавзеъҳои таърихии давлати тоҷикон аз давраҳои аттиқа то асрҳои миёна, аз ҷумла, шаҳраки қадимаи Саразм баррасию муҳокима гардиданд.

13 декабри соли 2021   дар Институти миллии забонҳо ва тамаддунҳои шарқии Фаронса (Inalco) дар Париж Рӯзи муаррифии Тоҷикистон барпо гашт, ки дар он оммаи васеи фаронсавиёну аврупоиҳо – аҳли зиё, илму адабу фарҳанг, матбуот ва намояндагони мақомоти давлатии Ҷумҳурии Фаронса, инчунин масъулони Сафорати Тоҷикистон дар Фаронса ширкат варзиданд.

Дар ҷараёни он баромадҳои мухталифи мавзӯӣ сурат гирифтанд. Аз ҷумла, хонум Катрин Пужол — собиқ директори Институти фаронсавии таҳқиқоти Осиёи Марказӣ (ИФЕАК), айни ҳол ходими калони илмии Институти “Inalco” оид ба масъалаҳои пажӯҳиши Осиёи Марказӣ доир ба таърихи давлатдории навини Тоҷикистон, ҷанбаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, демографӣ, илмию фарҳангӣ, сайёҳӣ ва дигар нуктаҳои асосии ҳаёти кишвар дар зарфи 30 соли Истиқлоли давлатӣ муфассал маълумот дода, ҳамчунин бобати таассуроти шиносоӣ ва таҷрибаи ҳамкориҳои худ бо Тоҷикистон ва мардуми он бардоштҳояшро иброз дошт.

Метавон хулоса  кард, ки баҳсу маърӯзаҳои касбии дар фазои озоди ин ҳамоишҳои  фарҳангии роҳандозишуда сурат гирифта, бори дигар собит менамоянд, ки ҳар кадоме дар пешбурди дипломатияи мардумӣ ва имиҷсозии Тоҷикистон дар Аврупо нақши муассир дошта, майлу рағбат ва таваҷҷуҳи ҷомеаи Фаронса ва аврупоиро ба Тоҷикистон, алалхусус баҳри иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионии он зиёд намуда, теъдоди сайёҳони аврупоиро ҷиҳати боздид ва сармоядорони мароқдоштаашро барои  сармоягузорӣ ба иқтисоди кишвар афзун хоҳад намуд.

Ҳамзамон, шоистаи таҳсин аст, ки бо талошҳои бевосита ва зери ҳидоятҳои Роҳбари давлат, бо корбарии муваффақонаи Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО ва Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО ахиран 15 декабри соли 2021 дар ҷаласаи 16-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Париж тариқи онлайн баргузор гардид, «Фалак» низ ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият расман ворид шуд, ки ин рӯйдоди бузурги фарҳангии имиҷсозро ба ҳамагон шодбош мегӯем.

 АКСҲО аз Сафорати Тоҷикистон дар Фаронса

Декабрь 20, 2021 13:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи IRAN EXPO-2024 иштирок менамояд
Директори Маркази байналмилалии амнияти об барои иштирок дар Конфронси сеюми оби Душанбе даъват гардид
Дар Бушаҳри Эрон зарфияти иқтисодии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Мо Ҷумҳурии Италияро шарики муҳим ва боэътимоди худ дар Аврупо медонем»
Дар шаҳри Минск Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дэвид Кэмерон: «Британия мехоҳад лоиҳаҳои бузурги гидроэнергетикии истеҳсолкунандаи энергияи сабзро дар Тоҷикистон дастгирӣ кунад»
Байни Душанбе ва Лондон парвозҳои мустақим ба роҳ монда мешаванд
Котиби давлатии Британияи Кабир оид ба корҳои хориҷӣ Дэвид Кэмерон ба Тоҷикистон ташриф овард
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея ҳамкории байни муассисаҳои таҳсилоти олии ду мамлакатро матраҳ намуданд