Федератсия байналмилалии дзюдо тақвими силсиламусобиқотро барои соли 2022 нашр намуд
ДУШАНБЕ, 01.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи байналмилалии дзюдо дар саҳифаи расмиаш тақвими силсиламусобиқотро барои соли 2022 нашр намуд. Дар соли 2022 2 мусобиқаи Гран – при, 11 мусобиқаи Гранд – слам, 1 Чемпионати ҷаҳон ва 1 Мастерс (мусобиқаи беҳтаринҳои сол), дар умум 15 мусобиқаи бузург баргузор мешаванд. Ин имконияти калонест баҳри ҷамъ кардани имтиёзҳои зарурӣ барои варзишгарони тоҷик ҷиҳати роҳ ёфтан ба Олимпиадаи Париж-2024, гуфт ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон корманди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалимҷон Набизода.
Хотиррасон мекунем, ки паҳлавонони шинохтаи тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии дзюдо «Abu Dhabi Grand Slam» сазовори се медал – 1 нуқра ва 2 биринҷӣ гардиданд. Мусобиқаи мазкур 26-28 ноябр дар шаҳри Абузабии Аморати Муттаҳидаи Араб бо иштироки 223 варзишгар (135 мард, 88 зан) аз 41 давлати дунё доир гашт. Аз ҷумҳурии мо 10 нафар ба Абузабӣ сафарбар гардида буданд.
Дар вазни -90кг Комроншоҳ Устопириён медали нуқра, Ҷаҳонгир Маҷидов медали биринҷӣ ба даст оварданд. Медали дигари биринҷиро Темур Раҳимов дар вазни +100кг сазовор шуд.
Ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ шуданд. Барои ҷои аввал 5000 доллари ИМА, барои ҷои дуюм 3000 доллар ва барои ҷои сеюм 1500 доллари ИМА тақдим гардид.
Аввали моҳи ноябр паҳлавони маъруфи кишвар Темур Раҳимов дар мусобиқаи Гранд Слами Боку сазовори медали нуқра гардида буд.
АКС аз манбаъҳои боз








Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд






