Федератсия байналмилалии дзюдо тақвими силсиламусобиқотро барои соли 2022 нашр намуд

Декабрь 1, 2021 13:04

ДУШАНБЕ, 01.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи байналмилалии дзюдо  дар саҳифаи расмиаш тақвими силсиламусобиқотро барои соли 2022 нашр  намуд. Дар соли 2022  2 мусобиқаи  Гран – при, 11 мусобиқаи Гранд – слам, 1 Чемпионати ҷаҳон ва  1 Мастерс (мусобиқаи беҳтаринҳои сол), дар умум 15 мусобиқаи бузург баргузор мешаванд. Ин имконияти калонест баҳри  ҷамъ кардани имтиёзҳои зарурӣ барои варзишгарони  тоҷик ҷиҳати роҳ ёфтан ба Олимпиадаи Париж-2024, гуфт  ба шореҳи варзиши  АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон   корманди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалимҷон Набизода.

Хотиррасон мекунем, ки паҳлавонони шинохтаи  тоҷик   дар Мусобиқаи байналмилалии дзюдо «Abu Dhabi Grand Slam» сазовори се медал – 1 нуқра ва 2 биринҷӣ гардиданд.  Мусобиқаи мазкур 26-28 ноябр дар шаҳри Абузабии Аморати Муттаҳидаи Араб бо иштироки 223 варзишгар (135 мард, 88 зан) аз 41 давлати дунё доир гашт. Аз ҷумҳурии мо 10 нафар ба Абузабӣ сафарбар гардида буданд.

Дар вазни -90кг Комроншоҳ Устопириён медали нуқра, Ҷаҳонгир Маҷидов медали биринҷӣ ба даст оварданд. Медали дигари биринҷиро Темур Раҳимов дар вазни +100кг сазовор шуд.

Ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ шуданд. Барои ҷои аввал 5000 доллари ИМА, барои ҷои дуюм 3000 доллар ва барои ҷои сеюм 1500 доллари ИМА тақдим гардид.

Аввали моҳи    ноябр  паҳлавони маъруфи кишвар Темур Раҳимов дар мусобиқаи Гранд Слами Боку сазовори медали нуқра гардида буд.

                                                                                                                           АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 1, 2021 13:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Турсунзода курсҳои ФИФА барои доварони Тоҷикистон оғоз шуданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) омодагиҳоро ба Ҷоми ҷаҳон-2025 оғоз кард
Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи маркетинг баргузор шуд
Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» оид ба гӯштини ҷудо 12 варзишгар муаррифӣ мекунад
Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон оғоз гардид
Сомон Турсунзода барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон гардид
Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд
Дастаи Академияи футболи ФФТ дар Мусобиқаи «Ҷоми Қошғар» сазовори ҷои дуюм гардид
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ (CAVA) оғоз гардид