ФУТБОЛ. 24 феврал қуръакашии Ҷоми Осиё-2023 доир мешавад
ДУШАНБЕ, 14.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Конфедератсияи футболи Осиё санаи қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023-ро эълон кард. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон 24 феврал рақибони худро дар гурӯҳ пайдо мекунад, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Конфедератсияи футболи Осиё инчунин раванди қуръакашии бозиҳои интихобиро эълон кард. Пас аз нашри раддабандии охирини ФИФА қуръакашии даври интихобии Ҷоми Осиё-2023 тартиб дода мешавад. Тибқи натиҷаи қуръакашӣ, ки 24 феврал баргузор мешавад, шаш гурӯҳ иборат аз чаҳор даста ташкил мешаванд.
Бозиҳои даври гурӯҳии интихобӣ дар шакли мутамарказ дар як давр – рӯзҳои 8, 11 ва 14 июни соли оянда баргузор мешаванд. Ёздаҳ даста ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳхат мегиранд — шаш ғолиби гурӯҳ ва инчунин панҷ дастаи беҳтарин, ки ҷои дуюмро ишғол мекунанд.
Дар мусобиқаи интихобӣ 24 даста барои роҳхат ба финали Ҷоми Осиё-2023 байни ҳам мубориза мебаранд. Ба ҷуз аз Тоҷикистон ҳамчунин дастаҳои мунтахаби Узбекистон, Урдун, Қирғизистон, Баҳрайн, Фаластин, Ҳиндустон, Таиланд, Филиппин, Кувайт, Туркманистон, Мянмар, Ҳонконг, Яман, Афғонистон, Малайзия, Малдив, Сингапур, Непал, Муғулистон, Бангладеш, Шри-Ланка буда, Индонезия ва Камбоҷа барои баромадан ба даври ниҳоӣ рақобат мекунанд.
Дастаҳои мунтахаби Эрон, Кореяи Ҷанубӣ, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, Лубнон, Ироқ, Сурия, Арабистони Саудӣ, Ҷопон, Австралия, Уммон, Ветнам, Чин ва Қатар аллакай ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳхат ёфтаанд.
АКС аз Федератсияи футболи Тоҷикистон








Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид






