ФУТБОЛ. Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии қуръакашии Ҷоми Осиё-2023 иштирок мекунад

Декабрь 30, 2021 10:16

ДУШАНБЕ, 30.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Конфедератсияи футболи Осиё санаи қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023-ро эълон кард. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон 24 феврал рақибони худро дар гурӯҳ пайдо мекунад, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Конфедератсияи футболи Осиё инчунин раванди қуръакашии бозиҳои интихобиро эълон кард. Пас аз нашри раддабандии охирини ФИФА қуръакашии даври интихобии Ҷоми Осиё-2023 тартиб дода мешавад. Тибқи натиҷаи қуръакашӣ, ки 24 феврал баргузор мешавад, шаш гурӯҳ иборат аз чаҳор даста ташкил мешаванд.

Бозиҳои даври гурӯҳии интихобӣ дар шакли мутамарказ дар як давр –  8, 11 ва 14 июни соли оянда баргузор мешаванд. Ёздаҳ даста ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳхат мегиранд — шаш ғолиби гурӯҳ ва инчунин панҷ дастаи беҳтарин, ки ҷои дуюмро ишғол мекунанд. Дар мусобиқаи интихобӣ 24 даста барои роҳхат ба финали Ҷоми Осиё-2023 байни ҳам мубориза мебаранд. Ба ҷуз аз Тоҷикистон ҳамчунин дастаҳои мунтахаби Узбекистон, Урдун, Қирғизистон, Баҳрайн, Фаластин, Ҳиндустон, Таиланд, Филиппин, Кувайт, Туркманистон, Мянмар, Ҳонконг, Яман, Афғонистон, Малайзия, Малдив, Сингапур, Непал, Муғулистон, Бангладеш, Шри-Ланка буда,  Индонезия ва Камбоҷа барои баромадан ба даври ниҳоӣ рақобат мекунанд.

Хотиррасон мешавем, ки дастаҳои мунтахаби Эрон, Кореяи Ҷанубӣ, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, Лубнон, Ироқ, Сурия, Арабистони Саудӣ, Ҷопон, Австралия, Уммон, Ветнам, Чин ва Қатар аллакай ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳхат  гирифтаанд.

                                             АКС аз Федератсияи футболи Тоҷикистон

Декабрь 30, 2021 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад